Arzon march 2024
Ишқи Фаридунро рад кардам, маро фоҳиша баровард
29.01.2022
ОИЛА
2769

 

Фаридун!

Маро нодухтару фоҳиша гуфта, чандин хостгоронамро аз роҳ задӣ. Бадномиву овозаву ҳангомаҳои гӯшношунидро ба сарам бор кардӣ, вале ишқи туро қабул накардам. Чаро то ҳол оромам намегузорӣ? Наход ҳоло ҳам ба дилат ин мубориза ино мардона назада бошад-а?! Фикр мекунӣ, ки бо ин тӯҳматҳо ночор аз они ту мешавам? Хаёли хомро аз сарат дур кун. Зани марди девона мешаваму арӯси ту барин ҷавони номард не! Фаҳмо?! На танҳо ман, балки умуман ягон духтари боақл ишқи номарди дурӯяву ҷангандозро намепазирад! Модарат як зани аловмону ғайбатчӣ, хоҳарат гапфурӯш, падарат майхораву шилқин, кӣ будани худатро нагуфтанам беҳтар, ту бо кадом аҳволат даъвои зан мекунӣ?

Беҳуда аз пасам надав, ман аз афтат безорам! Дигар ба чашмам нанамо, то ки туро дида, дилам беҳузур мешавад. Ҳайфи номи мард, ки ту барин нокасро насиб гаштааст!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД