Давомаш...
Бойбобо роҳи ба чанг овардани Саодатро ҷуста, нақша пайи нақша мекашид, вале ягон планаш ба назараш комил наменамуд. Ишқи пирӣ ин марди баркамолро ончунон саргарм сохта буд, ки дигар дасташ ба ягон кор пеш намерафт.
Найранги Салими қиморбоз
Қарибиҳои пешин котибааш бо ноз хабар дод, ки Салим омадааст. Номи Салим-қиморбозро шунида ба тани Бойбобо гӯё ҷони тоза дамид ва фармуд, ки тезтар меҳмонро даъват кунад. Салим яке аз қиморбозони машҳури шаҳр буд ва аз ҳисоби бозию дилхушии бойбачаҳо сарвати зиёде ба даст оварда, яке аз одамони соҳибэҳтиром ба шумор мерафт. Бойбобо омадани Салими -қиморбозро фоли нек дониста, қарор дод, ки қиссаи келини соҳибҷамоли Комилбойро нақл карда, маслиҳат мепурсад. Сӯҳбати ҳарду қаймоқ баст. Бойбобо ба Салим дар бораи имшаб дар хонаи Комил буданаш батафсил нақл карда, гӯё дар омади гап ҳусну ҷамоли зани Фурқатро таъриф кард. Салими қиморбоз дарҳол фаҳмид, ки келинчак ба Бойбобо маъқул шудааст ва ин халтаи пул тайёр аст, ки барои ба даст даровардани дили духтар тамоми дороияшро бубахшад. Маслиҳат дод, ки шавҳари Саодат, яъне писари Комилбой-Фурқатро ба ягон балои азим гирифтор кунад, он вақт ба даст овардани дили арӯси нозанин осон мешавад. «Зану духтарҳои тоҷик вафодоранд, барои шавҳарашон ҳама корро мекунанд» таъкид намуд қиморбоз. Бойбобо аз ин ишора чизеро нафаҳмида, хоҳиш кард, ки Салим ошкортар гап занад.
-Фурқатро ба қиморбозӣ ҷалб кардан лозим, он гоҳ арӯс бо пойи худаш ба оғӯшатон меояд,-фаҳмонд Салим ва маккорона чашмак зад.
-Ҳа, акнун мақсадатонро фаҳмидам! Ба як тир ду нишон мезанем, гӯед,-лабханд намуд Бойбобо ва ба китфи Салим тап-тап зад.
-Қурбони аҳли фаҳм шавам,-қаноатмандона табассум кард Салими қиморбоз,-танҳо бо ҳамин роҳи аҷиб шумораи клиентҳои банда боз як тан бештару оғӯши ҷанобашон аз накҳати атри хушбӯйи тани ҳамон ғизоли саркаш пур мешавад!
Бойбобо дари сейфашро кушода, як даста доллар баровард ва пачкаи пулро пеши қиморбоз партофт. Салим пулро ба кисааш зад ва дасти Бойбоборо фишурда, мардона ваъда дод, ки дар муддати кӯтоҳтарин шавҳари Саодат-Фурқатро ба балои азим гирифтор мекунад.
Амри қиморбоз
Салим пулро ба кисса зада, шоду масрур аз утоқи Бойбобо баромад ва ба мошинаш нишаста ба тарабхонаи бошукӯҳе, ки ҷойи вохӯриҳои қиморбозон буд, рафт ва ба шогирдонаш занг зада, ҳамаашонро барои маслиҳат даъват кард.
Нақшаи кашидаи роҳбарашон ба қиморбозҳои ашадӣ писанд афтиду ваъда доданд, ки бо кадом роҳе набошад, Фурқатро ба доираашон мекашанд. Як шогирди ҷавонаш гуфт, ки писари Комилбойро чандин сол боз мешиносад ва метавонад бо ягон баҳона Фурқатро ба қиморхона биёрад. Салимбой панҷ саддоллараи шараққосиро назди шогирдаш партофта, фармуд, ки ин «кори муҳим»-ро ба таъхир нагузорад.
Васвасаи шайтон
Шогирди Салимбойи қиморбоз худи ҳамон рӯз назди Фурқат омада, гапро аз камнамо шудани ҷӯрааш сар кард ва ноаён риштаи сӯҳбатро ба мавзӯи пул бурд. Фурқат, ки бойбача будани ҷӯраашро медонист, маслиҳат пурсид, ки бизнесашро чӣ тавр ривоҷ диҳад. Рустам мисли Шайтон дар бораи даромади аз қимор ба даст овардааш қариб ним соат гап зада, дар дили Фурқат оташи ҳирси пули муфтро фурӯзон карду сипас гӯё дар омади гап ҷойи қиморбозиашонро гуфта, баромада рафт. Фурқати ба васвасаи ин шайтони бе дум афтида, баъди гусел кардани меҳмони нохонда ба фикру хаёл ғутта зад. Хаёлан хонаи мисли қаср ва духтарони амсоли ҳурони биҳиштӣ зебои ҷӯрааш гуфтаро дар атрофаш парвона тасаввур мекарду оби даҳонаш мешорид.
Дар қиморхона
Саргарми оташи нафс шавҳари Саодат-Фурқат чӣ тавр ба қиморхона омаданашро худаш ҳам нафаҳмида монд. Қиморбозон, ки омадани ӯро кайҳо интизор буданд, зиёфати шоҳона оростанд, то бойбачаро бештар ба дом кашанд. Дар рӯйи дастурхон ба ҷуз аз ҷони одам дигар ҳама чиз буд ва духтарони паричеҳра як-як ба гардани қиморбозон овезон шуда, бо бӯсаҳои ширин табъашонро болидатар менамуданд. Кӯрдуди сигору бӯйи нашъаву дуди чилим фазои хонаро пур карда буд ва садои хандаю қаҳ-қаҳаи меҳмонони сархуш дили шабро мешикофт. Кайфияти аҳли нишаст торафт баландтар мешуд. Пас аз хӯрдани зиёфат қиморбозони ашадӣ намоишкорона ҳар кадом як дипломати пулро ба бозӣ монданд. Фурқат бозии онҳоро тамошокунон чашмашро аз ғарами пул намеканд. Дилаш лаҳза ба лаҳза бештар оташ гирифта, кашоли қиморбозӣ мешуд. Хоҳиш кард, ки барои вай ҳам қарта кашанд, вале қиморбозон «зидди» қартабозиаш баромада, оқибати қиморро фаҳмонданд. Салими қиморбоз заҳрханда карда гуфт:
-Қиморбозӣ кори мардона аст, дар ин ҷо фақат таваккал мекунӣ, ҷӯра. Бахтат агар хандад, дар як шаб соҳиби пули як мошин мешавӣ, нахандад хонаат месӯзад. Ҳар кас тоби бурду бохти қиморро надорад!
Қиморрро кори мардона номидани Салими қиморбоз ва нисбат ба ӯ назарногирона муносибат карданаш аламу нанги Фурқатро овард ва исрор намуд, ки хонасалот шавад ҳам, имшаб албатта бозӣ мекунад. «Ихтиёри худат ошно, бозӣ кардан хоҳӣ, марҳамат бозӣ кун, вале баъд аз мо гиламанд нашав, ки туро сари вақт огоҳ накардем» гӯён, Салим ҷониби шогирдонаш маккорона чашмак зада, табассуми безебе кард ва барои Фурқат қарта кашид.
Пули муфт
Ҳамон шаб киссаҳои Фурқат пури пул шуд. Қиморбозони таҷрибадор махсус бозиро мебохтанд, то Фурқати «навичок»-ро ба гирдоби нафс бештару бештар ғуттавар созанд. Қарибиҳои субҳ Фурқат бо киссаҳои аз пул дамида ба хона омад ва ҳамсарашро ба оғӯш гирифта бӯсиду сипас пулҳоро ба дипломат андохта дар сейфи оҳанин монд. Саодат гумон кард, ки ин пули тиҷорат аст, барои ҳамин аз шавҳараш чизе напурсид. Ҳамин тавр Фурқат ба доираи қиморбозон даромад. Дигар ягон шаб ӯро дар хона ёфта намешуд. Ҳар бегоҳ хумори қартабозиаш мегирифту зани нозанинашро фиреб дода ба қиморхона мерафт ва нимашаб сармасту серпул бармегашт. Қариб ҳар шаб бурд мекард ва ин хандаи бахт бештару бештар ба қимор ошиқаш мегардонд. Дар муддати як моҳ аз ҳисоби пули қимор мошини нав хариду чанд ҳазор долар пасандоз кард. Ба падараш мегуфт, ки ин пулҳо аз ҳисоби даромади аз бизнес ба даст овардааш ҳастанд ва шарикони хуб ёфтаасту кораш пешрав гаштааст. Комилбой, ки бо «инояти» Бойбобо мудири як мағозаи калон таъйин шуда буд, саргарми кору бори хеш чандон ба писараш аҳамият намедод ва намепурсид, ки шабҳо Фурқат дар куҷо то саҳар гум мешавад. Бойбобо Комилбойро бо супоришҳои гуногуни сердаромад андармон менамуд, то барои ба зиндагии хонаводагиаш диққат додан вақт наёбад.
Зиёфати дуюм
Хусури Саодат-Комилбой ҳамарӯза даромади калон ба даст меовард, аз ин хотир қарор дод, ки барои шустани вазифаи наваш боз як базми шоҳона меорояд. Бойбобои маккор, ки дилаш ҳар рӯз дар орзуи дидори Саодатхони паричеҳра гум мезад, ба «хотири дӯстӣ» таклифи Комилбойро қабул кард.
Бо амри хусураш ин дафъа Бойбоборо бояд Саодат пешвоз мегирифт ва зиқ шудан намемонд. Дастурхони пурнозу неъмати шоҳона ороста, келинчак ба истиқболи «меҳмони олиқадр» баромад. Бози дӯстдоштааш ин дафъа дар сари китфи Бойбобо набуд. Ҳини ба дасташ об рехтани келинчак Бойбобо пичиросзанон ба гӯши Саодат гуфт, ки барои чунин фариштаро тарсонданаш ҷазои уқоби беақлро дода, сарашро аз танаш ҷудо намудааст. Саодат лаб газида ба меҳмони олиқадр чизе нагуфт. Зиёфат бисёр пуршукӯҳ ҷараён гирифт. Саодат ҳар замон табақи нави хӯрок, ширинӣ ё маваҷот дар даст аз дар даромада, меҳмони олиқадрро гаштаю баргашта хайрамақдам мегуфту ақлу ҳуши Бойбоборо бо ҳусни ҷигарсӯзаш мерабуд, вале ин марди маккори дар занбозӣ собиқадор сир бой надода, чунон вонамуд мекард, ки нисбати ин келинчаки паричеҳра бепарвост. Вай ин дафъа барои Саодат шароб нарехт, хушгӯӣ накард. Рафтори Бойбоборо дида, дили Саодат, ки дафъаи гузашта аз нигоҳҳои бешармонаи ин марди умраш ба ҷое расида, худро хеле ноҳинҷор ҳис карда буд ва хаёлаш ба сад кӯчаи сарбаста мерафт, ором гирифт. «Бойбобо хотири дӯстиашон бо хусурам падарвор маро меҳрубонӣ карда будаанду мани аблаҳ шубҳаю гумонҳои ноҷоро нисбати ин марди саховатманд дар дилам ҷой додаам» мегуфт худ ба худ келинчак ва кӯшиш мекард, ки ин навбат «гуноҳашро» бо меҳмондории хуб бишӯяд. Салими қиморбоз бо супориши Бойбобо шавҳари Саодат-Фурқатро дар қиморхона саргарм медошт ва ҷангал бе шеру барра бе чӯпон монда буд.
Найранги Бойбобо
Бо ишорати Бойбобо ду шариконаш ба берун баромаданд ва хусури Саодат онҳоро ҳамроҳӣ намуд, то ниёзашонро ҳосил намояд. Комилбой ба келинаш таъкид кард, ки меҳмони олиқадрро зиқ шудан намонад. Саодат дар паҳлӯи Бойбобо нишаста чойнаку пиёлаҳоро пешаш кашид. Келинчаки нозанин мисли моҳи мунире, ки аз дили аброҳои тира рух намудааст, шабистони Бойбоборо бо ҷилваи ҳуснаш равшан карда буд ва барояш ҳар замон чойи кабуд кашида медод. Бойбобо Саодатро хеле таърифу тавсиф карда ба осмони ҳафтум баровард. Таърифҳои ин марди солхӯрда ба келинчак нафорад ҳам, барои эҳтироми меҳмон хомӯшӣ ихтиёр карда буд, то хотири нозуки Бойбоборо наранҷонад. Хонаро аз айёр холӣ ёфта, Бойбобо мисли уқоби тезчангол чолокона ангушти Саодатро ба даст гирифту ангуштарини зебоеро, ки санги брилиантии нигинаш дар шӯълаи чароғи барқӣ ба сад ранг ҷилва менамуд, гузаронд ва дасти чун панҷаи фаришта зебои келинчакро бӯсида ба модаре, ки чунин паривашро ба дунё овардааст, аҳсан хонд. Бойбобо чӣ қадар гап зад дар ёди Саодат намондааст, вай мисли афсуншуда танҳо сар ҷунбонда, ҳайкал барин хомӯш менишаст. Сукути келинчаки паричеҳраро Бойбобо ба таври худ мефаҳмид…..
(Давом дорад)