ИДОМААШ..
Саодат хурсандона аз ҷояш бархоста бо табассум ба Бойбобо миннатдорӣ баён кард ва аз шарбатгирак шарбат рехта нӯшиду нафаси сабук кашид. Ҷавонзан дар дил худоро шукр мегуфт, ки домони исматшро доғдор накарда аз ин ҳавлӣ мебарояд.
Дидори шавҳар
Садои сигнали мошин баланд шуд ва Бойбобою Саодат тозон ба ҳавлӣ баромаданд. Аз мошини хизматии Бойбобо пасопеш Фурқат ва падараш фаромаданд. Саодат оҳи сарде кашида ба шавҳараш, ки дар муддати як ҳафта тамоман худро аз даст дода буд, нигарист. Ранги рӯйи Фурқат заъфаронӣ гашта, чашмонаш дар косахонаи сараш нишаста буданд. Баробари Бойбоборо дидан вай худро ба пеши пои наҷоткораш партофт. Бойбобо сари ҷавонро силакунон пичирос зад:
-Ту аз ман не, аз занат миннатдор шав, ин бечора барои халосии ту чанд рӯз боз хобу хӯрро гум кард…
Чашми Фурқат ба занаш афтида, тозон ҷонибаш шитофт ва Саодатро ба оғӯш гирифта, кӯдак барин зор-зор гиря кард. Зану шавҳар баробар мегиристанду Саодатро дар оғӯши Фурқат дида, ҷони Бойбобо аз рашк мебаромад. Барои ба ин вохӯрии гарму пурмеҳри зану шавҳар хотима гузоштан, вай онҳоро ба меҳмонхона таклиф кард.
Бойбобо Саодат ва шавҳару хусурашро зиёфат дода, сипас ба ронандааш фармуд, ки онҳоро ба хонаашон бурда монад. Раҳораҳ ҷавонзан бо алам аз дил мегузаронд, ки Фурқат ӯро дар ин бӯстонсарой бо марди бегона дида, ақаллан напурсид, ки дар ин хилватгоҳ бо ин дев чӣ кор мекунад. «Инҳо ҳамаашон аз як тоифаанд, нангу номус надоранд, садқаи зану садқаи номи мардӣ шавад чунин шавҳар» мегуфт худ ба худ Саодат.
Зиёфат
Баробари ба хона расидан хусури Саодат Комилбой гӯсфандеро сар зада, дар пеши пойи писараш Фурқат хун кард. Одатан дар чунин маъракаҳо Саодат орому қарор надошт, хӯрок мепӯхт, дастурхон меорост, хӯриш тайёр мекард, вале ин навбат хусураш ӯро мисли меҳмон рӯйи чор қабат кӯрпача шинонда гуфт:
-Келинҷон, ману хушдоманат аз ту як умр қарздорем, агар ту дили Бойбоборо намеёфтӣ, писарамонро озод намекарданд. Ин зиёфатро ман махсус барои шумоён, наҷотдиҳандагони писарам Фурқат оростам. Ҳаммом карда барою либосҳои фохираатро пӯшида сари дастурхон бишин, ҳозир Бойбобо ҳам расида меояд.
Бо шунидани номи Бойбобо ба тани ҷавонзан рашъа дамид. «Наход одам то ин андоза паст шавад?! Хок бар сари чунин боигарии орӣ аз ору номуси ҷавонмардӣ! Дигар дар ин касофатхона зиндагӣ кардани ман маънӣ надорад, бояд ҳарчи зудтар аз ин касофатхона гурезам»,- қарор дод ҷавонзан ва ба хонааш даромада танҳо зару зеварашро гирифту ноаён аз ҳавлӣ баромаданӣ шуд, вале ин дам садои сигнали мошин баланд шуд.
Бойбобои хира
Бойбобо пас аз гусел кардани меҳмонҳо шоду масрур ба хона даромад ва дар рӯи миз тӯҳфаи ба Саодат бахшидаашро дида, ҳайрон шуд. Аз афташ «Саодатхон ин зару зеварро фаромӯш кардаанд» андешид «Бегимоти дупо» ва бастаи ҷавоҳиротро ба даст гирифта ба ҳавлӣ баромаду ба ронандааш фармуд, ки ӯро фавран ба хонаи Комилбой барад. Раҳораҳ чеҳраи зебои Саодатхонро пеши назар оварда, ин марди хотунбоз чунон саргарми тахаюлоти ширини ошиқона буд, ки чӣ хел ба хонаи Комилбой расиданашро нафаҳмида монд.
Садои сигнали мошинро шунида соҳибхона ба истиқбол баромад. Бойбобои азизашро дида Комилбой тамалуқкорона нидо кард:
-Ҳой мардум, бароеду бубинед, ки ба хонаамон кӣ омадааст! Тезтар баромада наҷотбахшамонро пешвоз гиред!
Зани Комилбой пайки омадани меҳмони олиқадрро шунида аз шавқу шодӣ саргарангу ғалтону хезон ба пешвоз баромад ва пеши пояш ба зону афтида, пойҳои Бойбоборо бӯсид. Бойбобо ба «Мармалод» заррае аҳамият намедод, нигоҳи ташнаю ошиқи вай Саодати нозанинро мекофт, вале аз чӣ бошад, ки ҷавонзани моҳпайкар дар рӯйи ҳавлӣ наменамуд. Комилбой нигоҳҳои ҷӯяндаи меҳмони олиқадрро пай бурда, садо кард:
-Саодатхон дар ошхона барои меҳмони азизамон таъомҳои лазиз пухта истодаанд, шумо ба меҳмонхона гуразед, ҳозир наздатон медароянд.
Фирори келини баномус
Саодат дид, ки хусуру хушдоману шавҳараш Бойбоборо бо иззату икром ба меҳмонхона дароварданду ҳамаашон аз паси меҳмони олиқадрашон сарсону саргардонанд, аз фурсат истифода бурда, оҳиста аз ошхона баромад ва назди ронандаи Бойбобо рафта, хоҳиш кард:
-Ман бояд фавран ба як ҷо равам ва аз Бойбобо хоҳиш кардам, ки шумо мушкиламро осон кунед.
-Ман бо ҷону дил ба ҳар ҷое, ки мехоҳед, шуморо мебарам. Марҳамат шинед,-илтифот намуд ронанда, ки ба гапи ҷавонзан бовар карда буд.
Саодат чолокона ба мошин нишаст ва саманди бодпои оҳанин бо суръати баланд ба роҳ баромад. Саодат ба ҷуз ҷавоҳироти ҳангоми арӯсӣ аз хонаи падараш бо худ оварда дигар ягон хасро аз манзили шавҳараш нагирифта буд. Келини оилаи сарватманд таги як курта манзили хусуру хушдомани бой, вале бе нангу номусашро тарк кард. «Ба сарҳад меравем» гуфтани Саодатро шунида, ронандаи Бойбобо гумон кард, ки Саодат ба пешвози модару хоҳаронаш меравад, зеро медонист, ки ин зебосанам аслан тоҷик аст ва волидонаш дар он тарафи марз зиндагӣ мекунанд, вале баъди ба ҷойи таъйиншуда расидан ҷавонзан ба дасти вай лифофаеро дода, хоҳиш кард, ки онро ба шавҳараш Фурқат расонад ва раҳмат гуфта, зуд аз мошинаш фаромад. Ронанда ҳанӯз фурсати ба асли гап сарфаҳм рафтан наёфта, зебосанам раҳмат гуфта аз мошин фаромад ва дар байни анбуҳи одамон гум шуд. Хеле ҷустуҷӯ карда бошад ҳам, аз Саодат ному нишоне наёфта ронандаи Бойбобо ночор сари чанбараки мошинаш нишаст ва бо роҳи омадааш пас гашт.
Бозгашт ба Ватан
Гумрукчиёни ӯзбак розӣ шуданд, ки бар ивази ҷавоҳирот ӯро бе талаби шиносномаю дигар ҳуҷҷатҳои лоизимӣ аз сарҳад гузаронанд. Ҷавонзан тамоми зару зеварашро дода, марзи кишвари бегонаро тарк намуд. Саодат охирин дороияшро аз даст дода бошад ҳам, заррае барои зару зевари аз даст рафтааш ғам намехӯрд. «Муҳимаш он аст, ки ман ганҷи аз ман қимматбаҳо-нангу номусу иффатамро аз даст надодам» мегуфт худ ба худ ҷавонзани баномус ва Худоро сад бор шукрона мекард, ки ӯро аз Комилбою Фурқат барин мардони ғуломи пул, ки барои дороӣ ва манфиати шахсии худашон тайёранд ҳама чиз ва ҳама касро қурбон созанд, халос кард. Вақте ки ба марзи Тоҷикистон расиданд, Саодати мисли кабки аз қафас озодшуда нафаси сабук кашид ва ба таксие нишаста суроғаи хонаи волидонашро доду ваъда кард, ки ҳаққи хизмати ронандаро баъди расидан ба манзил мепардозад. Ҷавони ронанда чашмони аз ашк лабрези ҷавонзанро диду дигар чизе нагуфта, сари чанбарак нишаст ва муҳаррики мошинашро ба кор даровард.
Ҳамин тавр ин ҷавонзани баномус бо шарофати ақлу тадбираш зиндаву саломат ва покниҳоду покдомон ба зодгоҳаш расид. Саодат саргузашти ғамангезашро аз аввал то ба охир ба падару модараш нақл карда, таъкид намуд, ки аз рангу рӯйи Фурқат барин шавҳари беномус безор аст ва аз гуруснагӣ мурад ҳам, дигар ҳеҷ гоҳ ба он касофатхона бар намегардад.
Маро бубахш, занакҷон!
Се рӯз пас шавҳару хушдомани пулпарасташ ба суроғи Саодат омаданд. Фурқат худашро пеши пойи занаш партофта, зориву тавалло кард, ки ба хона баргардад, вале ҷавонзани боғурур ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ нашуд. Бойбобо фирор кардани сайдро фаҳмида, хусури Саодат-Комилбойро аз кор гирифта, барои озод намудани Фурқат пули калон талаб кардааст. Ба гирдоби ғарз ғутидани аҳли оилаи шавҳарашро шунида Саодат заҳрханда кард ва нафраташро пинҳон надошта, гуфт:
-Ҳолатон аз ин бадтар шавад! Ҷазои шумоён барин одамони бе нангу бе ору бе номус ҳамин аст!
Р. Холов
Р/С
Ғисса бофтаи хаёли муаллиф набуда, сарнавишти як духтари тоҷик аст, ки дар ҳамсоякишвар ба шавҳар баромада буд, вале дороии аҳли оилаи шавҳараш натавонист ӯро хушбахт созад. Саодат бо азобҳои алим ба Ватан баргашта, имрӯз дар диёри бобоияш зиндагии хушбахтона дорад. Дар як корхонаи бонуфуз кор мекунад ва аллакай риштаи тағдирашро бо як ҷавонмарди бо нангу баномуи тоҷик пайваста, фарзандони зебою дӯстрӯяк дорад. «Оила» ҳамдаму ҳамрози ҳамешагии Саодат аст, аз ҳамин хотир ҷавонзан дарди дилашро ба ин нашрия баён намуд, то барои дигар духтароне, ки орзуи шавҳари аҷнабӣ кардан доранд, дарси ибрат шавад.