Arzon march 2024
«IRS»: Аз таъмири роҳ то омодагӣ ба мавсими сармо
28.11.2022
Mahina
538

 

Агар дар мавсими сармо кормандони «IRS» ба рафъи тармаву дигар офатҳои табиӣ, коркарди роҳ бо маводи зиддилағжиш машғул бошанд, пас дар дигар вақти сол таъмири роҳ самти асосии фаъолият аст.

Тибқи иттилои Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои фаъолияти муназзаму пурмаҳсул дар фасли зимистон дар намояндагии Варзоб 3700 тонна маводи зиддилағжиш, 315 тонна намак, 91420 литр сӯзишвории дизелӣ, 40 тонна ангишт, 10 метри кубӣ ҳезум, 4100 литр равғани молиданӣ, 2500 литр антифриз, 154 автошина, 38 аккумулятор захира шуда, 44 техникаву механизми барои ин мавсим пешбинишуда дар ҳолати омодабош қарор доранд.

Дар намояндагии Зарафшон низ омодагӣ ба мавсими сармо ҷиддӣ буда, захира шудани 5307 тонна маводи зиддилағжиш , 350 тонна намак, 43100 литр сӯзишвории дизелӣ, 1500 литр равғани молиданӣ, 1100 литр антифриз, 26 аккумулятор, 100 автошина, 20 тонна ангишт, 15 метри кубӣ ҳезум, 132 ҷуфт либоси зимистона шаҳодати ин гуфта аст. Дар ин минтақа 31 техникаи махсусгардонидашуда ба мавсими тирамоҳу зимистон омода мебошанд.

Чунин тарзи муносибат дар намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Суғд низ роиҷ буда, 3200 тонна маводи зиддилағжиш, 347 тонна намак, 85720 литр сӯзишвории дизелӣ, 1075 литр равғани молиданӣ, 905 литр антифриз, 165 автошина, 33 аккумулятор, 298 ҷуфт либоси зимистона, 24 тонна ангишт, 20 метри мураббаъ ҳезум захира шудааст. 43 адад техникаву механизми марбут ба намояндагии зикршуда ба мавсими зикршуда пурра омодаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки нишондиҳандаҳои мазкур дар муқоиса ба солҳои қаблӣ тамоюли афзоишро касб намуда, ин ҷанба имкон фароҳам меорад, ки рисолати филиали Ширкат - нигоҳдории роҳ дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ гардад.

Таъмиру таҷдиди роҳ дар фаъолияти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми меҳварӣ дошта, дар сурати ба вуҷуд омадани вайроншавии кӯчак дар масири роҳ пайи рафъи он чораҳои бетаъхир андешида мешавад.

Соли равон доираи фаъолият хеле васеъ гардида, бо ин мақсад то 19 сентябр 31793,50 тонна асфалт харҷ шуд. Агар корҳои амалишударо раддабандӣ намоем, пас дар минтақаи Варзоб бо харҷи 7045,10 тонна асфалт 48703,99 метри квадратӣ, дар минтақаи Зарафшон мутаносибан 10414,30 тонна ва 96244,49 метри квадратӣ ва дар минтақаи Суғд бо сарфи 1433,10 тонна асфалт 109472,40 метри квадратӣ роҳ таъмир шуд.

Бамаврид аст ёдовар шавем, ки аз аввали фаъолият «IRS» таъмири куллӣ ва ҷории роҳро шурӯъ карда, дар муддати 13 сол зиёда аз 2 миллион метри квадратии роҳи Душанбе – Чаноқро таъмиру азнавсозӣ намуда, бо ин мақсад зиёда 230595 тонна асфалт сарф кардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД