Соате қабл дар километри 119-уми роҳи Душанбе-Чаноқ лағзиши кӯҳпора ба амал омад, ки дар натиҷа 50 метр роҳ осеби ҷиддӣ дид.
Бино ба иттилои макази матбуоти ширкати IRS, техникаву механизмҳои намояндагии филиали ширкат дар минтақаи Зарафшон фавран ба маҳалли зикршуда сафарбар гардида, дар муддати кӯтоҳ ҳаракати яксамтаи нақлиёт имконпазир гардид.
Гуфта шуд, ки 50 метр роҳи осебдида дар наздиктарин фурсат таъмир мешавад, чун ширкати IRS барои зудтар таъмир намудани қитъаи мазкур тадбирандешӣ намуда истодааст.
IRS дар робита ба ин ҳодиса ба ронандагоне, ки дар рӯзҳои барфӣ нияти бо ин роҳ сафар карданро доранд, чанд тавсия медиҳад:
-Ронандагон бояд ҳолати техникии мошини худро ҷиддӣ аз назар гузаронанд, то дар роҳ ба мушкил мувоҷеҳ нашаванд;
- иқтидори акумляторро санҷанд;
- чархҳои зимистона насб намоянд, ронандагони мошинҳои боркаши калон ҳатман занҷирҳои зидди яхбандӣ гиранд;
- ҳангоми ҳаракат дар роҳи Душанбе – Чаноқ, дар қиёс ба мавсими гармо, фосилаи бештар гиранд;
- агар мошинашон ба мавсими сармо омода нест, беҳтар аст, муваққатан аз сафар худдорӣ намоянд;
- тавсияҳои кормандони IRS, БДА ВКД, КҲФ-ро дар мавриди маҳдуд намудани ҳаракати мошинҳо дар қитъаҳои ҷудогонаи роҳ ҳангоми мавҷудияти эҳтимолияти тармафароӣ, лағзиши кӯҳпора ва сангфароӣ бечунучаро риоя намоянд.