Парии сафедпӯши барфӣ
Икром дар яке аз ширкатҳои мобилӣ кор мекард. Ширкате, ки вай он ҷо адои вазифа менамуд, масъули васли алоқаи телефонҳои мобилӣ буд ва рӯзе барои дар деҳаи кӯҳистон гузаронидани нуқтаи мобилӣ Икромро ба деҳаи дурдасте фиристоданд. Асбоби махсуси мавҷқабулкуниро ба даст гирифта ҷавон оҳиста-оҳиста ба қуллаи кӯҳ баромад. Мақсад дошт, ки ҳаракати мавҷро муайян созад. Ҷавон то расидан ба қуллаи кӯҳ дар пайроҳаҳои душворгузару парсанги кӯҳистон сахт хаста шуда буд ва баъди он, ки нуқтаи пурраи мавҷро пайдо кард, хост дар ин манзараи зебои кӯҳистон андак дам бигирад. Сарашро болои борхалтааш, ки аз анвои хӯрданиҳои лазиз пур буд, монду нафаҳмида монд, ки чи тавр ғанабаш бурдааст. Ногоҳ дасти нозуке ба китфаш расид ва ҷавон ҳаросон чашмонашро кушод. Дар болои сараш духтари зебои сафедпӯше истода буд ва маҳин табассум мекард. Икром, ки чунин нозанини фариштасиморо дар умраш бори аввал медид, аввал сахт тарсид ва чашмонашро бо дастонаш молид, то аниқ кунад, ки хоб аст ё бедор. Чашмонашро дубора кушода боз ҳамон духтараки сафедпӯшро болои сараш дид ва ин дафъа вай ҳам ҷониби духтар табассум намуд. Фариштаи сафедпӯш ишорат кард, ки аз ҷояш бархоста аз пасаш равад. Икром мисли афсуншудагон думболи духтар равон шуд.
Дар хонаи арвоҳ
Духтар ҳамчунон бо имову ишорат Икромро хеле дур бурд. Фариштаи сафедпӯш ба саволҳои ҷавон ҷавоб намедод, вале маҳин-маҳин табассум намуда, дилашро обу адо месохт. Икром дар дил афсӯс мехӯрд, ки худованд ин духтараки зебои кӯҳистониро гунг офаридааст ва ҳамчунон аз пайроҳаи пурсангу печидаи кӯҳсор думболи зебосанам мерафт. Ниҳоят ба мавзеи зебое расиданду духтар Икромро ба хонаи пастаки лоине даровард. Хоначаи лоин на дар дошту на тиреза, вале дар назари Икром бисёр зебо менамуд. Духтар баробари вориди хонаи лоин гаштан худашро ба оғӯши ҷавон партофт. Икром аз ин бахти худодод шукрона намуда, паривашро ба оғӯш гирифт. Аз ҷамоли духтар серӣ надошт ҷавон ва пайваста мӯйҳои зебояшро мебӯиду мебӯсид. Икроми сармасти ҳусни нозанин акнун даст ба пешобағали духтар бурданӣ буд, ки якбора овози доду фарёди одамон баланд шуд ва духтар ин садоро шунида осемасар фирор намуд. Икром бо гумони он, ки духтар сокини ҳамин деҳа будаасту овози ҳамқишлоқиҳояшро шунида гурехт, то шарманда нашавад, ба маънии боз вомехӯроем, аз паси духтар даст афшонд.
Дар байни ду олам
Икром ҳанӯз ба худ наомада рафиқаш Салим дар болои сараш пайдо шуд ва оҳи сарде кашида гуфт:
-Эй бародар моро талхакаф кардӣ! Ба ту чи шуд, на телефон мекунию на аз худ дарак медиҳӣ?! Хайрият, ки бо воситаи компютерҳои марказӣ нуқтаи охирини занг заданатро аниқ карданд, вагарна туро намеёфтем!
Икром аз суханони дӯсташ чизе нафаҳмида гаранг-гаранг ба Салим менигарист ва нигоҳи беҷою ҳаросони чашмонаш касро ба даҳшат меафканд. Дар пеши назари ҷавон ҳанӯз симои ҳамон духтари зебои сафедпӯш ҷилвагар буд. Пирамарде, ки Салиму дигар рафиқони Икромро роҳнамоӣ карда буд, авзои ҷавонро дида, пай бурд, ки бо вай ягон ҳодиса рӯй додааст ва ба пурсуҷӯ даромад. Икром маҷбур шуда, вохӯриашро бо духтар як ба як нақл кард. Ҳозирон ӯро бовар кунондан мехостанд, ки дар ин қуллаи кӯҳ бо одамизод, хусусан бо духтар во хӯрдан ғайри имкон аст, вале Икром ду пояшро ба як мӯза андохта мегуфт, ки аниқ бо ҳамон духтар буд ва ҳатто барои исботи суханҳояш хонаи пастаки лоинро далел меовард. Хеле ҷустуҷӯ намуда, хонаи лоини духтарро наёфтанд, Икром ба даҳшат афтода бо ду даст сарашро дошта ба замин нишасту пичиррос зад:
-Пас он духтар кӣ буд?
Раиси маҳалла Раҳмат, ки ҳамроҳи мӯйсафед ва рафиқони Икром ба ҷустуҷӯ баромада омада буд, лаб газида гуфт:
-Додарҷон, бахтат баландӣ кардааст, ки зинда мондаӣ! Албатта ягон худоӣ кун!
Икром ба маънии суханони раис сарфаҳм нарафта саволомез ба Раҳмат нигарист.
-Духтари сафедпӯши дидаат арвоҳ аст! Арвоҳи Манзураи ноком аст,-фаҳмонд раиси маҳалла ва афзуд,-аз дасти ин рӯҳи ноором то имрӯз касе зинда халос нашуда буд. Чандин ҷавонони рустамбозуро ба марг расонд, вохӯрӣ бо арвоҳи Манзураи ноком. Аз афташ пуштат зӯр будааст, ки ба ту зиёни зиёд нарасондааст.
Икром ҳайратзада пурсид:
-Манзура кист ва барои чӣ рӯҳи вай ба ман аён гардид?
Раҳмат оҳи сарде кашида ба нақли қиссаи арӯси ноком шурӯъ кард.
Касофати ҷанг
Манзура зеботарин духтари деха буд ва аз байни чандин талабгор Муродро интихоб кард. Падару модари Мурод бо сад орзуву ҳавас тӯёна оварда ҷавононро ба ҳамдигар номзад намуданд ва қудоҳо аз ду ҷониб дар тарадуди тӯй афтиданд. Ҷиҳози арӯсиро пурра тайёр карда рӯзи тӯйро аниқ карда буданд, ки ҷанги бародаркуш сар шуд. Аз тарси нооромиҳо никоҳи ҷавононро каме қафо партофтанд, зеро мардум умед доштанд, ки дар байни ду-се ҳафта ҳукумат лаҷоми яроқдоронро мекашаду боз тинҷию оромӣ мешавад. Бадбахтона умедҳо ботил баромаданд ва оташи ҷанг торафт бештар аланга мегирифтагӣ шуд.
Акбар-командир
Яроқ ба дасти нохалафон афтода буд ва акнун ҳама худро шери жаён гирифта, қасдашонро аз одамони ба чашмашон хунук намуда мегирифтанд. Акбар ном ҷавони бозории деҳа аз бесарусомониҳо истифода бурда худро қаҳрамони миллат ва соҳиби қишлоқ эълон кард. Ин безорӣ монанди худаш чанд авбошро ҷамъ карда, гурӯҳи махсусе ташкил намуд. Кори дастаи Акбар-командир танҳо куштору дуздию ғорату таҷовуз буд.
ИДОМААШРО ФАРДО ШАБ СОАТИ 21-00 ИНТИЗОР БОШЕД!