Иҷораи қалбакӣ: 15 ҳолати қаллобӣ ошкор шуд
Як сокини 28-солаи шаҳри Душанбе бо гумони қаллобӣ тавассути эълонҳои бардурӯғи иҷораи манзил аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шудааст.
Тавре ки Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, гумонбар Давлатов Баҳодур бо нашри эълонҳои қалбакӣ дар сомонаҳои интернетӣ манзилҳои истиқоматиро гӯё ба иҷора пешниҳод мекардааст.
Ба иттилои манбаъ, ӯ бо истифода аз ин эълонҳо аз шаҳрвандони хоҳишманди иҷораи манзил тавассути ҳамёни электронии рақами 110728808 маблағҳои гуногунро ҳамчун пешпардохт гирифта, азони худ мекардааст.
Дар натиҷаи санҷиш то ҳол 15 ҳолати эҳтимолии қаллобӣ ошкор гардидааст. Айни замон ин ҳолатҳо мавриди санҷиши пешакӣ қарор доранд.
Милитсияи пойтахт аз шаҳрвандоне, ки эҳтимолан аз кирдорҳои гумонбар зарар дидаанд, хоҳиш кардааст, тавассути «WhatsApp» ё «Telegram» бо рақами (+992) 018 020202 муроҷиат намоянд.