Тақвими шарқӣ 12 бурҷ дошта ҳар кадоми он рамзи як ҳайвон аст. Мардуми шарқ бар он назаранд, ки хислату хӯйи ҳайвоне, ки инсон дар соли ҳокимияти он ба дунё омадааст, ба сарнавишти ӯ бе таъсир намемонад. Мехоҳед умре ошиқ ва дар ҳаёти оилавӣ хушбахт бошед? Пас, пеш аз хонадор шудан нағзакак омӯзед, ки кӣ ба шумо муносиб аст ва бо кӣ шаҳди бахтро чашида наметавонед! Дар ин кор мо ба шумо ёрӣ мерасонем.
Муш (1960, 1972, 1984, 1996)
Одамоне, ки дар соли муш тавлид ёфтаанд, бо шахсони дар соли муш, бақар, наҳанг ва ҳамдуна ба дунё омада издивоҷ карда, бурд мекунанд. Бо шарофати иродаи мустаҳкам ва боғайратиашон мушҳои зирак зодагони бурҷҳои дар боло номбаршударо ба зудӣ ба худ мутеъ гардонида, барои хушбахтии оилавӣ заминаи мустаҳкамеро фароҳам меоранд.
Бақар (1961, 1973, 1985, 1997)
Бақар бо нафарони дар соли муш, ҳамдуна, мурғ, мор ва харгӯш тавлидёфта хушбахт мешавад. Азбаски бақар оромтабиат, вале зудранҷ аст, шахсе, ки бо бақар издивоҷ мекунад, бояд ба ҳеҷ ваҷҳ ғазаби ӯро наорад.
Паланг (1962, 1974, 1986, 1998)
Мард ё зани дар соли паланг тавлидёфта бо шахсони дар соли асп, наҳанг ва саг ба дунё омада зиндагии босаодатро аз сар мегузаронад. Аслан паланг метавонад дилхоҳ шахсро ба худ мутеъ гардонад, вале маҳз нафарони дар соли асп, наҳанг ва саг бадунёомада метавонанд паланги мағрур ва зудранҷу кинагирро бо меҳрубонию дилёбиашон ором намуда, хушбахттарин инсони рӯйи замин гардонанд.
Харгӯш (1963, 1975, 1987, 1999)
Агар шумо дар солҳои гӯсфанд, хубон ва саг ба дунё омада бошед, метавонед бе дудилагӣ бо нафари дар соли харгӯш тавлидёфта оила бунёд намоед. Харгӯшҳо нисбати наздикони худ қаҳру ғазабро раво намебинанд, вале бо зодагони бурҷҳои номбаршуда издивоҷ намуда, шумо тамоми умр дар паҳлӯи ёратон зиндагии ширин ба сар мебаред.
Наҳанг (1964, 1976, 1988, 2000)
Шахсони дар соли муш, ҳамдуна ва паланг тавлидёфта метавонанд зиндагии наҳангро рангину гуворо созанд. Зан ё мардони дар ин солҳо тавлидшуда дар зиндагӣ дастгиру мададгори наҳанги бадхашм гашта, намемонанд, ки ба ягон кори нодуруст даст занад.
Мор (1953, 1965, 1977, 1989, 2001)
Нафаре, ки дар соли мор тавлид шудааст, шахси дурандешу оқил аст, аз ин рӯ танҳо бо нафароне, ки дар соли бақар ва мурғ тавлид ёфтаанд, худро роҳат эҳсос мекунад. Шахсе, ки дар соли бақар ва мурғ тавлид ёфтааст, дарди дили морро хеле хуб дарк намуда, ӯро ба зудӣ ором ва болидаруҳ гардонида метавонанд. Бо чунин ҳамсафари ҳаётӣ зиндагӣ ширин ва вақти мор хуш мегузарад.
Асп (1954, 1966, 1978, 1990, 2002)
Нафароне ки дар соли асп ба дунё омадаанд, ҳангоми интихоб намудани ҳамсафари ҳаётӣ азият мекашанд, вале бо зан ё мардони дар соли паланг, гӯсфанд ва саг тавлидёфта хушбахтии комилро эҳсос мекунанд. Бо ин нафарон муҳаббати асп бисёр сахт ва пурҷӯшу хурӯш мегардад.
Гӯсфанд (1955, 1967, 1979, 1991, 2003)
Аслан нафарони дар соли гӯсфанд тавлидёфта бо атрофиён ба осонӣ унс мегиранд, вале қасри ишқу муҳаббатро танҳо бо онҳое сохта метавонанд, ки дар соли харгӯш, асп ва хубон ба дунё омадаанд.
Ҳамдуна (1956, 1968, 1980, 1992)
Ҳамдунаи бесаранҷом ва шӯхтабиат, ки орому қарор надорад, танҳо метавонад бо шахсони дар соли муш ва наҳанг тавлидёфта забон ёбад. Нафарони дар ин солҳо ба дунё омада дар зиндагӣ ҳамдунаро дастгирӣ намуда, дар лаҳзаҳои душвор танҳо намегузоранд.
Мурғ (1957, 1969, 1981, 1993 )
Ҳамсафари ҳаётии нафарони дар соли мурғ ба дунё омада онҳое буда метавонанд, ки дар соли бақар, наҳанг ва мор тавлид ёфта бошанд. Муҳаббати мурғ бо бақар, наҳанг ва мор аз ҳама гуна дурӯғу фиреб орӣ буда, бо якдигарфаҳмӣ зиндагии орому осоиштаро аз сар мегузаронанд.
Саг (1958, 1970, 1982, 1994)
Барои нафарони дар соли саг тавлидёфта зану мардоне мувофиқанд, ки дар соли паланг, харгӯш ва асп ба дунё омадаанд. Ин номзадҳо сагро аз ҳолати яъсу ноумедӣ берун сохта, барои аз зиндагӣ лаззат бардоштанаш кӯмак мерасонанд.
Хубон (1959, 1971, 1983, 1995)
Хубон дар зиндагӣ ба шарте ёри меҳрубону мушфиқ мегардад, ки ҳамсафари ҳаётияш дар соли харгӯш ё гӯсфанд ба дунё омада бошад. Аллакай нафари дар соли харгӯш ва гӯсфанд ба дунё омадаро пайдо карда бошед, ҳеҷ гоҳ дилашро наранҷонед. Оилаи шумо бисёр оилаи мустаҳкам ва хушбахт мегардад.