Formula novemver 2024
Ҷинояткорон ба оташи ҷавобӣ тоб наоварда, гурехтанд
981

Саҳифаи телеграмми “Pamirdailynews” дар такя бо манобеи худ хабар одааст, ки Комрон Раҷаббекзода, сардори шӯъбаи КДАМ дар шаҳри Хоруғ шаби 28 апрел кушта шудааст. Қаблан дар бораи як амалиёти вежа дар марз бо Афғонистон иттилоъ дода будем.

Тавре ки маркази матбуоти Отряди сарҳадии «Хоруғ»-и Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар додааст, 28 апрели соли ҷорӣ соати 1:30-дақиқа, гурӯҳи мусаллаҳи қочоқбарони фаромиллӣ иборат аз 8 нафар, таҳти роҳбарии Додихудо, Нодиршо ва Забӣ валади Муҳаммадсахӣ, сокинони қарияи Барпанҷаи вулусволии Шуғнони вилояти Бадахшони Афғонистон, бо мақсади интиқоли маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон ва силоҳу лавозимоти ҷангӣ, хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистонро дар аломати 184-уми минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии 9-уми «Тишор»-и Отряди сарҳадии «Хоруғ» убур намуданд.

Қочоқбарон ба амри марзбонони тоҷик дар хусуси таслим шудан итоат накарда, аз силоҳҳои гурӯҳӣ оташ кушоданд, аммо ба оташи ҷавобӣ тоб наоварда, маводи мухаддир ва силоҳу лавозимоти ҷангиро дар ҷойи ҳодиса партофта, бо истифода аз торикии шаб ба тарафи Афғонистон фирор кардаанд.

Тибқи маълумоти манбаъ, дар ҷойи ҳодиса 3 нафар ҳаммаслакони қочоқбарони афғон аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Домуллоҷонов Эмин Амирович, соли таваллудаш 1982, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, Саидманзаров Нидо Сайфуллоевич, соли таваллудаш 1993, зодаи деҳаи Ёмчи ноҳияи Шуғнон, сокини шаҳри Хуҷанд ва Саидмурсалов Наврас Саидмусоевич, соли таваллудаш 1987, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастгир карда шуданд.

Аз ҷойи ҳодиса 45 кг маводи мухаддири сахттаъсири навъи «героин», 1 адад автомати Калашников бо 4 адад тирдон, 74 дона тир, 1 адад дурбини махсуси назорати шабона, 10 (даҳ) ҳазор доллари ИМА дарёфт ва мусодира карда шуд.

Нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ идома доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД