Иноят Каримова, сокини деҳаи Муҷуни ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштич мебошад. Ӯ 40-сол аст, ки барои ду фарзандаш ҳам модару ҳам падар аст.
Азобҳои зиёди зиндагӣ, танҳою саргаронӣ, нодорию ятимдорӣ холаи Иноятро бармаҳал пир кардааст.
Сатили пур аз сангини чорво дар сараму...
Дар давоми зиндагие, ки то имрӯз дорам, ягон азобу ранҷу дарде набуд, ки аз сар нагузаронида бошам. Ҳанӯз 18 сол доштам, ки ба шавҳар баромада, муддати се сол зиндагӣ кардем ва соҳиби як духтарча шудем. Вале бо баъзе сабабҳои ночиз оила мо пош хурду ҷудо шудем...
Ба хотири он ки дар хонаи волидон маро рӯи хуш надоштанд, духтарачаамро бо падараш гузоштаму бо ашки шашқатор баргаштам. Ҳеҷ модар намехоҳад, кӯдакашро ба наздиктарин нафараш гузорад, аммо сахтиҳои зиндагӣ инсоро ба ҳолатҳое рӯ ба рӯ мекардааст, ки ҳеҷ дар гӯшаи хаёлаш надорад. Шаб то саҳар ба ёди кӯдакам мегиристам ва рӯз аз пайи зиндагӣ мешудем. Ба ҳамаи ин азобҳои сабр кардам. Дар ҳама ҳолат модар ғамгусору ғамхори фарзанд аст. Маҳз ин саргардониҳои маро модарам дида, маслиҳат доданд, ки барои кам шгудани азобҳоят бояд як мард дар паҳлуят бошад. Ба ин хотир маро дубора ба шавҳар доданд. Дуюм никоҳам бо марде, буд, ки нодору камризқ буд. Бо вуҷуди ҳамаи ин, зиндагии хуб доштем, вале хушбахтии ман дер давом накарду аҷал падари фарзандонамро аз ман гирифт ва бо ду фарзанд номи бевагиро гирифтам.
Дилам аз вазниниҳои ба сарам омада мелариз ва савганд хурдам, ки дигар ба шавҳар намебароям, зеро одам ки як бор бадбахт шуд то охир бадбахт мемондааст. Дар пешонии мо хушбахтӣ набудааст гӯён дубора роҳи хонаи волидонамро пеш гирфтам. Аз он ки дар миёни бародаронам яккудухтар будам, онҳо тасмим гирифтанд, ки бароям сарпаноҳе сохта диҳанд ва маслиҳат карданд, ки бигзор хонаи падариро ба ман гузоранд ва онҳо дар дигар деҳа барои худ хона сохта рафтанд аз паи зиндагии хеш ва ману модари пирам бо фарзандонам мондам.
Барои нигоҳубин ва таъмини фарзандони ятимам, танҳо бо роҳи ҳалол пул кор кардам. Фаррошӣ кардам, дар заминҳои мардум мардикорӣ мекардам, ҳар саҳару бегоҳ ду сатил дар даст кӯча ба кӯча саргини говро ҷамъ карда, таппак мекардам, то дар ҳавои сард беаловӣ намонанд. Ман имконияти харидорӣ кардани ҳезумро надоштам ва аз ин лиҳоз ягона манбаи гармидиҳӣ дар оилаи мо таппак буд. Аз зиёд будани ташвишҳо сатилҳои калонро пури бор карда, якто дар сарам-яктои дигарро ба дастам бардошта хона меомадам. Шояд бо сабаби ҷавон буданам, таъсирашро намефаҳмидам, акнун дарди шадиди сар шабу рӯз азобам медиҳад.
Ба хонаи пиронсолон барои нон рафтам
Агар гӯям, ки писарамро намондам, ки қатори ҳамсолонаш ба мактаб равад, шояд баъзеҳо ба ман нафрат кунанд, маро курсаводу ҷоҳил ном баранд, аммо тасаввур кунед зиндагии зани беваю бемор ва ду кӯдаки нонхури бенон чӣ гуна аст...Аз он ки ягон манбаи даромад надоштам, кӯдаконам гурӯсна монаданд, барои талаби нон ба хонаи пиронсолони маркази ноҳия гоҳ пиёда гоҳ савора мерафтам.
Писарам, ки ба ҷои он ки айёми ширинии наврасиро бичашад, халта дар китф гоҳ ба шаҳри Хуҷанд мерафту гоҳ ба деҳаҳои ноҳияи Деваштич мардикорӣ мекард. Ба ин иктифо накарда имрӯз ба муҳоҷират рӯ овардааст.
Ҳоло саломатиям хуб нест, аз асабхаробӣ тамоми узвҳои танам дарданд гаштаанд, аммо ба ҳар духтуре ки меравем мегӯянд, ки дар ваташ кори вазнин кардагӣ, бори вазнин бардоштагӣ, зиёд зиқ шудагӣ, бемориҳои кӯҳнаро саривақт табобат накардагӣ...
Вале бо ин вуҷуд шукр мегӯям худоро ки ду фарзанди солим дорам ва дар туяшон хуни ҷигар шуда бо азоб ва кумаки хешу табор туй карда бошам ҳам, бахти ҳардуяшонро дидам.
Ҳар гоҳ келинам мегӯяд, ки модарҷон чаро шумо бемор шудед, чаро доим зиқ мешавед ё гиря мекунед ҳамагӣ як ҷавобро медиҳам: Он чизе ки аз сараи ман гузашт ту ҳеҷ гоҳ намефаҳмӣ ва дарк ҳам намекунӣ. Ба рӯзҳои сангину сарсониҳои вазнини умри ширинам ки аз заҳр ҳам тахл буд гиря мекунам, месӯзам...