Садриддини Наҷмиддин, овозхони 41-солаи тоҷик, ба наздикӣ албоми навбатии худро, ки фарогири суруду клипҳои наваш мебошад, нашр хоҳад кард. Дар ин бора овозхон дар як мусоҳибааш, ки дар саҳифаи “Ramin Mansour” дар шабакаи YouTube нашр шудааст, хабар додааст.
“Чанд муддат буд, ки таронаи ҷадид пешкаш накарда будам ва ҳоло дар студия банди сабти сурудҳои нав ҳастам. Тасмим гирифтам, ки албоми нави худро бо сурудҳои тару тоза ба шумо пешниҳод намоям. Умедворам, ки ин сурудҳо низ чун сурудҳои қаблӣ дар дилҳои шумо ҷой мегиранд”,-мегӯяд овозхон. Яке аз сурудҳои албоми ҷадиди овозхон ба ҳамсараш бахшида шудааст. “Як оҳанги ҷадидро ба ҳамсафари зиндагии худ мебахшам. Умедворам, ки аз ин оҳанг розӣ мешавад ва барояш туҳфаи хубе хоҳад буд”,-илова мекунад Садриддин. Овозхон аз моҳи декабри соли 2012 ба инҷониб бо ширкати продюсерии “Ramin Mansour” ҳамкорӣ дорад ва албоми ҷадидаш низ дар ҳамкорӣ бо ширкати мазкур сабту нашр хоҳад шуд.
“Аввалин кори ману ширкати “Ramin Mansour” бадеҳаи “Вафои дилам” мебошад, ки ҳамроҳи Шабнами Сурайё иҷро карда будем”,-ба ёд меорад овозхон. Садриддини Наҷмиддин яке аз шинохтатарин овозхонҳои тоҷик буда, чор сол мешавад, ки дар шаҳри Торонтои Канада ҳамроҳи оилааш кору зиндагӣ мекунад.