Ду корманди сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон ба садамаи нақлиётӣ дучор гаштаанд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳи фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хабар додааст.
Тавре ки манбаъ мегӯяд, садама рӯзи якшанбе, соати 17:00 дар километри 345-уми шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ, дар деҳаи Сангевни ҷамоати деҳоти Қалъаихумби ноҳияи Дарвози ВМКБ рух додааст.
“Ронандаи 45-солаи мошини тамғаи "Toyota Land Cruiser", сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат аз Душанбе ба Хоруғ идораи мошинро аз даст дода, ба девор бархӯрдааст. Дар натиҷаи садама ронанда ва ду мусофири мшин, ки шаҳрвандони Ҳиндустон будаанд, ҷароҳат бардоштаанд. Онҳо ба беморхонаи вилоятии Дарвоз интиқол дода шуданд», - омадааст дар хабари кумита.