Ҷину парӣ дар назари аксари одамони муосир афсона менамояд, вале шахсоне низ ҳастанд, ки ба ин чизҳо боварӣ доранд ва мегӯянд ислом мавҷудияти қувваҳои ғайбро инкор намекунад. Бархе ҳатто мегӯянд шахсоне, ки пешгўӣ мекунанд, ҷин доранд. Мехостам донам, ки дар асл ислом дар ин бора чӣ назар дорад?
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Дар ҳақиқат касоне, ки пешгӯӣ мекунанд, бо кумаки ҷин ин амалро анҷом медиҳанд, ҳол он ки тамоми ин гуна корҳо роҳе ба сўйи куфр мебошад. Аз Оиша (р) ривоят аст, ки иддае аз мардум аз Расули Худо (с) дар мавриди коҳинон пурсиданд. Он Ҳазрат (с) фармуданд: “Чизе нестанд”. Гуфтанд: Эй Расули Худо (с), онҳо гоҳе ба мо дар бораи чизе суҳбат мекунанд, он воқеъ мешавад.
Расули Худо (с) фармуданд: “Он калимаи ҳақро ҷин рабуда ба гўши дўсти коҳинаш меандозад ва онҳо бо вай сад дурўғ омехта мекунанд”. (Муттафақун алайҳи) Бинобар ин, мусулмоне, ки ба Худо ва рўзи охират имон дорад, ба сухани ин гуна афрод бовар намекунад, зеро илми ғайбро танҳо Худованд медонаду бас.