Arzon march 2024
Имсол кадом костюмҳои занона дар фасли тирамоҳ мӯд ҳастанд?
4786

Тирамоҳи салкин фаро расид. Барои он ки хунук нахӯред ва зебо бимонед, тавсия медиҳем, ки костюм харед. Костюмҳои занона як ҷузъи муҳими гардероб мебошанд, ки дар кор, вохӯрию мулоқотҳо, сайругашт ва дигар мавридҳо ин либосро ба бар кардан мумкин аст.
Костюм бо шим барои занон

Моделерон ба бонувон маслиҳат медиҳанд, ки дар мавсими тирамоҳ костюми классикиро бо шимҳои ғайриоддӣ ва ороишҳои гуногун интихоб намоянд. Имсол костюмҳои занонаи рангашон сиёҳ, ширчойӣ, гулобӣ ва сафед дар мӯд буда, аз таги костюм куртаҳои рангашон мувофиқ пӯшидан лозим аст. Ин тарзи либоспӯшӣ занро ба назар бисёр зебо, босалобат ва ҷозибанок ҷилва медиҳад.


Пӯшидани шиму костюм ду бартарии дигар низ дорад. Аввалан дар ин либос кас худро бисёр бароҳат эҳсос мекунад, дуввум онро ҳам дар рӯзҳои маъмулӣ ва ҳам дар рӯзҳои боронӣ ба бар кардан мумкин аст.

Костюм бо юбка

Костюмҳои занона бо юбка хоси бонувоне мебошанд, ки дар идораҳои давлатӣ кор мекунанд, зеро он либоси расмӣ буда, қатъият ва мавқеъи соҳибашро таҷассум менамояд. Костюми гарм бо юбка дар гардероби занони коргар як ҷузъи муҳими либоси тирамоҳӣ мебошанд. Ранги чунин костюмҳо сиёҳ ва ё рах-рах бошад, беҳтар аст.

Кадом рангҳо ба занон бештар мезебанд?
Костюми сафед-рамзи покӣ ва зебоӣ

Ҷаззобтарин костюми занона ин костюми рангаш сафед мебошад. Аслан ранги сафед рамзи покӣ ва зебоӣ буда, бисёр ҷаззоб ба назар мерасад. Чизе зеботар аз костюми сафеди занона вуҷуд надорад, вале мушкил дар он аст, ки чунин костюмро ҳар рӯз ба бар карда намешавад. Хурдтарин доғ дар либоси сафед дарҳол ба чашм менамояд, бинобар ин, костюми сафедро танҳо рӯзҳои махсус-ягон ҷаласаи муҳими корӣ, маҷлиси тантанавӣ, мулоқот бо шарикон ба бар намоед.

Костюми сиёҳ-либосе, ки ҳаргиз аз мӯд намеравад
Сиёҳ ранги классикии костюми занона аст. Он натанҳо барои вохӯриҳои корӣ, балки барои дигар мавридҳо низ мувофиқ аст, бинобар ин, мавҷуд будани костюми классикии занонаи сиёҳ дар либоси ҳар як духтари муосир ҳатмист.

Ҷаззоб будан хоҳӣ, костюми сурх бипӯш!

Костюми сурхро бештар онҳое ба бар менамоянд, ки мехоҳанд таваҷҷӯҳи атрофиёнро ба худ ҷалб кунанд. Ин ранг бисёр ҷаззоб буда, ба зан шукуҳу шаҳомати хоса мебахшад. Куртаи сафед бо костюми сурх хеле ҷолиб ба назар мерасад. Дар рӯзҳои сарду боронӣ шумо метавонед бо костюми сурх болопӯши сурх, сиёҳ ё сафедро интихоб намоед.

Сабз ба мисли баҳор

Сабз яке аз рангҳои ҷолибтарин барои занон аст. Он бо баҳор, табиат, тароват ва вақти хушу табъи болида алоқамандӣ дорад. Костюми сабз ба ҳусни зан ҳусни тоза зам мекунад. Ҳар як хонуми замонавӣ бояд дар гардеробаш костюми сабз дошта бошад, вале маъмулан онро танҳо дар рӯзҳои иду хурсандӣ ба бар мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД