Имрӯз, 10-уми июн дар варзишгоҳи «Ню-Кларк-Сити» бозии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол дар гурӯҳи «А» байни дастаҳои мунтахаби Филиппин ва Тоҷикистон баргузор мешавад.
Ин бозӣ соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 16:00 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин бозӣ бо либоси сафед ва тими миллии Филиппин бо либоси кабуд ба майдон мебароянд.