Arzon march 2024
Имрӯз бозингарони Тоҷикистон ва Кореяи Шимолӣ бозӣ мекунанд
247

Имрӯз, 8-уми апрел дар шаҳри Ҷидда бозиҳои даври дуюми Ҷоми Осиё-2025 миёни наврасони то 17-сола дар гурӯҳи «D» баргузор мешаванд.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо тими Кореяи Шимолӣ, ки дар даври аввал бо дастаи Эрон (1:1) мусовӣ кард, вомехӯрад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Шоҳ Абдулло Спортс Сити Холл»-и шаҳри Ҷидда баргузор шуда, соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ (20:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки дар даври аввал Тоҷикистон бо ҳисоби 2 бар 1 Уммонро шикаст дод. Кореяи Шимолӣ ва Эрон бо ҳисоби 1 бар 1 мусовӣ карданд.

Ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи “D” мунтахаби Тоҷикистон бо касби 3 имтиёз садрнишин аст. Эрон ва Кореяи Шимолӣ 1-имтиёзӣ доранд ва Уммон бидуни имтиёз аст.

Ёдовар мешавем, ки Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои наврасони то 17-сола аз 3-юм то 20-уми апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад. Ҳама дастаҳое, ки ба даври чорякниҳоӣ роҳ меёбанд, соҳиби роҳхати Ҷоми Ҷаҳон-2025 мешаванд, ки дар Қатар доир мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД