Бо шарофати ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон зиёда аз як миллион кӯдак ба ваксинаҳои ҳаётан муҳим дастрасӣ пайдо намуданд.
Ҳар рӯз дар шӯъбаи таваллуди маҷмааи тандурустии “Истиқлол” якхел оғоз меёбад – аз гиряи навзодон ва садои пурнавозиши Зайнаб Абдуллоева, ки онҳоро ором мекунад. Аллакай 7 сол мешавад, ки ӯ ба ҳайси иммунизатор фаъолият дошта, аввалин ва муҳимтарин ваксинаҳоро дар ҳаёти кӯдакон мегузаронад.
«Ҳар як кӯдаке, ки ба ӯ ваксина мегузаронам таҷассумгари ғалабаи хурд бар бемориҳо мебошад. Бемориҳое, ки метавонанд ба ҳаёти ӯ таҳдид кунанд»,- бо эҳтиёт ваксинаро барои кӯдаки навбатӣ омода карда гуфт Зайнаб.
Дар дасти ӯ на танҳо як сӯзандору бо ваксина, балки солимии ояндаи ҳазорон кӯдаки тоҷик аст. Ҳамарӯза Зайнаб бо дастони ғамхори худ ба ҳар як кӯдаки навзод муҳофизат аз бемориҳои хатарнокро таъмин мекунад.
«Вақте, ки ман нав корро оғоз кардам, бисёре аз волидон аз иммунизатсия тарс доштанд ва аҳамияти онро намефаҳмиданд. Ҳоло вазъият тағйир ёфтааст – худи модарон дар бораи иммунизатсия мепурсанд ва мехоҳанд фарзандонашонро эмин нигоҳ доранд»,- аз тағйири муносибат нисбат ба ваксина дар тӯли солҳои охир ёдовар шуд Зайнаб.
Технологияҳои муосир дар ҳифзи саломатӣ
Дар солҳои охир низоми иммунизатсия дар Тоҷикистон ба пешрафти назаррас ноил гардидааст. Бо шарофати лоиҳаи «Беҳтар намудани иммунизатсияи кӯдакони синни барвақтӣ», ки аз ҷониби ҳукумати Ҷопон маблағгузорӣ мешавад, дар соли 2022 324,000 вояи ваксинаи зидди сурхча, баногӯшаки эпидемикӣ ва гулафшон, инчунин 270,900 вояи ваксинаи зидди Гепатити Б ба кишвар дастрас карда шуд. Ин рақамҳо танҳо омор набуда, балки инъикосгари наҷоти ҳаёти кӯдакон мебошанд.
«Ҳоло барои ҳифзи ҳар як кӯдак мо тамоми лавозимоти заруриро дорем»,- ба яхдони муосири нигоҳдории ваксинаҳо нишон дода гуфт Зайнаб.
Саргузашти як модар
Нушофарин аз ҷумлаи модарони ҷавон буда, соҳиби ду фарзанд аст. Ӯ бори аввал аз иммунизатсия кардани фарзанди калонии худ хавотир буданашро хуб дар хотир дорад.
«Ман хело хавотир будам, дар интернет маълумот меҷустам ва аз наздикон пурсон мешудам. Аммо баъд аз шиносоӣ бо апаи Зайнаб тамоми тарсу ҳаросам аз байн рафт. Ӯ аҳамияти ҳар як ваксинаро хеле муфассал шарҳ дод, ки дигар шубҳа намонд,» - пас аз иммунизатсияи нақшавӣ фарзанди хурдии худро дар даст дошта гуфт Нушофарин.
Ҳамкории байналмилалӣ – наҷотдиҳандаи ҳаёт
«Лоиҳаи мазкури бахшида ба иммунизатсияи кӯдакони синни барвақтӣ ҷиҳати коҳиш додани хатари фавти кӯдакон ва муҳофизат аз бемориҳои пешгиришаванда барои зиёда аз миллион кӯдаки то 1 сола дар саросари Тоҷикистон аҳамияти бузург дорад»,- таъкид кард Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошихиро Аикӣ
Аз соли 2005 инҷониб Ҳукумати Ҷопон барномаи иммунизатсияи барвақтии кӯдаконро дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ЮНИСЕФ ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) дастгирӣ мекунад. Дар се соли охир зиёда аз миллион вояи ваксинаҳои гуногун ба Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика дастрас карда шудааст.
Оянда аз имрӯз оғоз меёбад
«Ҳар боре, ки ман кӯдакони иммунизатсия кардаамро солиму бардам мебинам муҳим будани корамонро дарк мекунам»,- дар анҷоми рӯзи корӣ гуфт Зайнаб. Фардо бошад тифлон дигар, дигар волидони ғамхор ва пирӯзиҳои нави хурд бар бемориҳои хатарнок моро интизоранд.
Дар тӯли панҷ соли охир тақрибан 4.5 миллион кӯдак дар Тоҷикистон аз иммунизатсияҳои босифат баҳра бурдаанд. Ин на танҳо як омор, балки инъикосгари ҳазорон ҳаёти наҷотёфта, табассумҳои солим, инчунин волидони хотирҷамъ ва мутмаин аз ояндаи фарзандони худ мебошад.