35 years of independency
Илтиҳоби бачадон занро безурёт мекунад?
26.09.2026
Oila.tj
48

Илтиҳоби бачадон бемории хеле паҳншудаи занона буда, аз ҳар се нафар зан яке ба ин дард гирифтор аст, вале аксарияти бонувон ба илтиҳоб бисёр бепарвоёна муносибат мекунанд. Барангезандаи асосии беморӣ гонококк, стрептококк ва дигар микроорганизмҳое мебошанд, ки ба ҷисми зан афтида, боиси суст шудани иммунитет мегарданд ва ба харобкорӣ сар мекунанд.

Занон аксаран баъди шамолкашӣ, гузоштани спирал бо мақсади пешгирии ҳомилагӣ ва исқоти ҳамл ба илтиҳоби бачадон гирифтор мешаванд. Нишонаҳои асосии беморӣ дарди миён, дард дар қисмати поёнии шикам, ташарруҳоти зиёди бадбӯй (выделение), беқувватӣ ва таби баланд мебошад.

Дар сурати сари вақт табобат накардан тухмдонҳо ва найчаҳои бачадон ба илтиҳоб гирифтор гашта, дар натиҷа найчаҳои бачадон метавонанд маҳкам шаванд ва зан ба мушкили безурриётӣ гирифтор гардад.  Тибқи маълумотҳои оморӣ 20%-и занҳое, ки ба мушкили безурётӣ гирифтор гашта, шонси модар шуданро аз даст додаанд, маҳз ба илтиҳоби бачадон гирифтор шуда, бемории худро сари вақт табобат накардаанд. Аз ҳамин хотир, ба тамоми бонувон маслиҳат медиҳем, ки бо мушоҳида намудани нишонаҳои илтиҳоби бачадон ҳатман ба духтури занона-гинеколог муроҷиат намуда, аз паси табобат шаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД