Маҳсулоти лозима:
1 кг кадучаи тарак (кабачки), 400 грамм сабзӣ, 500 грамм пиёз, каме ҷавҳари лимӯ, намак, шакар, 2-3 қошуқ қайлаи помидор, қаланфур, 3 дандона сирпиёз.
Тарзи таҳия:
Сабзавоти номбаршударо чоркунҷа реза карда, пиёзу сабзиро дар равған сурх карда, ба он кадуча ва қаланфуру сирпиёзро илова кунед. Помидорро илова карда, як соат дам партоед. Баъдан бо блендер лат зада, намаку шакар ва ҷавҳари лимӯ илова кунед. Бори дигар 20 дақиқа ҷӯшонида, барои дар бонка маҳкам кардан ба икра 2 қошуқ сиркои 9% илова кунед.