Ифтитоҳи ду бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон
23.10.2025
Oila.tj
112

Имрӯз, 23-юми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро дар ноҳияи Данғара мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президенти кишвар, биноҳои таълимии рақами 2 ва 3 дар доираи марҳилаи дуюми бунёди маҷмааи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳу услуби зебои меъморӣ бунёд ёфтааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ додаанд, ки бинои таълимии рақами 2 бо 45 синфхонаи таълимӣ барои 1200 донишҷӯ ва бинои таълимии рақами 3 бо 49 синфхонаи таълимӣ барои 1416 донишҷӯ пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон дар биноҳои нави таълимӣ 9 синфхонаи озмоишӣ, 2 толори маърӯзавӣ, 1 маркази тестӣ бо фарогирии 2600 ҷойи нишаст ва 6 кафедра, аз ҷумла “Биохимия ва биология”, “Фармакология ва микробиология”, “Тиби ҳарбӣ”, “Беҳдошт ва эпидемиология”, “Химияи тиббӣ ва экология” ва “Физиологияи нормалӣ ва патологӣ” бо шароити хуби таълимӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ омода карда шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2016 бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон бо кадрҳои баландихтисоси соҳа бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон таъсис дода шуда, 31-уми августи соли 2016 бо гузоштани санги асос ба сохтмони бинои асосии донишгоҳ оғоз бахшида шуд.

Бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо бинои таълимии рақами 1 моҳи сентябри соли 2023 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки он замон донишгоҳ бо зиёда аз 2 ҳазор ҷойи нишаст дар як вақт таъмин гардида буд. Акнун бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани биноҳои таълимии рақами 2 ва 3 дар ин даргоҳи илму маърифат 2600 ҷойи нишаст зиёд гардид. Ҳоло дар донишгоҳ дар маҷмуъ 5 ҳазору 412 ҷойи нишаст барои донишҷӯён омода карда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД