Дар семоҳаи аввали соли 2024 ҳаҷми интиқоли пул ба Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2023 ба андозаи 56% зиёд шудааст. Дар ин бора дар Гузориши ҳафтаинаи макроиқтисодии Бонки авруосиёии рушд (БАОР) хабар дода шудааст.
«Мо интизор дорем, ки афзоиши ҳаҷми воридоти маблағҳо тариқи интиқол яке аз омилҳои рушди ММД-и кишвар ба 8,0% дар соли 2024 хоҳад шуд»,- гуфта мешавад дар гузориш.
Қаблан дар Гузориши Бонки осиёии рушд (БОР) оид ба муҳоҷирати корӣ бо истинод ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ зикр гардида буд, ки соли 2022 интиқоли пул ба ҷумҳурӣ афзуда, то 5,3 млрд доллар (49% нисбат ба ММД) расид, ки қариб ду баробар аз ҳаҷми соли 2021 (2,9 млрд доллар) зиёд будааст. Соли 2023 тамоили зикршуда идома ёфта, аз рӯи натиҷаҳои сол ба ҷумҳурӣ 5,7 млрд доллар маблағ ворид гардида буд, ки 6,6% нисбат ба соли 2022 зиёдтар аст.
Бино ба таъкиди муаллифони гузориш, аксари муҳоҷирони тоҷик мардони синни аз 15 то 44-сола будаанд.