Шаҳри Истаравшан ҳамчун маркази оҳангарон эътироф шудаасту имрӯз бо кордсозони гулдасташ шӯҳрати ҷаҳонӣ дорад. Ҳар нафаре, ки ба ин куҳаншаҳр боре қадам ранҷа карда бошад, ҳатман растаи бузурги “Оҳангарон”-ро тамошо карда, кордҳои машҳуру зебои ҳунармандони Истаравшанро харидааст.
Дар баробари растаи оҳангарон дар бисёр ҷойҳо ва хонаҳои истиқоматӣ кордсозони шаҳр машғули кор буда, бо ин пеша рӯзӣ ба даст меоранд. Қаҳрамони навбатии мо кордсози номдори Истаравшан Иброҳим Мирзоев мебошад.
Мавсуф аз ҳунармандони номдори Истаравшан буда, солҳост, ки бо кордсозӣ машғул аст. Ин ҳунар ба ӯ аз ҳафт пушташ мерос монда, вай низ мехоҳад касби худро ба ояндагон боқӣ гузорад. Қаҳрамони мо аз хурдсолӣ дар назди падар истода, нозукиҳои кордсозиро омӯхтааст. Падараш ҳар рӯз ӯро ҳамроҳ гирифта, чӣ тавр дам додани кӯраи оҳангарӣ, обу тоб додани оҳан, мунаққаш сохтани корд ва эҷоди асарҳои гуногунро омӯзонидааст.
“Маро, ки фарзанди калонӣ будам, падарам доимо ҳамроҳашон ба коргоҳ бурда, оҳангариро меомӯзониданд. Ҳунари оҳангарӣ кори душвор ва заҳматталаб буда, наметавонад як нафар аз ӯҳдаи ин ҳунар барояд. Зеро барои дам додан ва зарба задан ба оҳани тафсон ду нафар лозим аст. Ҳарчанд, 14-15 сол доштам, ба падарам барои дам додани кӯраи оҳангарӣ кӯмак мерасонидам. Пас аз он ки мактабро хатм кардам, хостам ба донишгоҳ дохил шуда, дар риштаи ҳуқуқшиносӣ таҳсил намоям. Падарам ба давом додани таҳсилам зид набуданд, аммо вақте фаҳмиданд, ки ман аз ҳунари оҳангарӣ дур мешавам, озурдахотир шуданд. Тақдир буд, ё дуои падар, ки ҳамон сол аз имтиҳон нагузаштам. Ният кардам, ки солҳои баъдӣ дохил шуда, ҳуқуқшинос мешавам, вале наздиконам гуфтанд, ки касби падарро омӯхтаӣ, набояд онро пушти пой зада, домани касби дигарро гирӣ. Нағз андешида ба қароре омадам, ки дар назди падар будан ва зинда нигоҳ доштани ҳунари падарӣ бароям авлотар аст”, - гуфт ин ҳунарманди маъруф.
Вақте падар диданд, ки ӯ аз ҳунари оҳангарӣ рӯй натофта, дар ҳамин ҷода устувор монданӣ аст, хурсанд шуда, дуои нек доданд, ки ҳамин ҳунар ҳамеша ризқорандааш гардад. Инак, 46 сол мешавад, ки ӯ аз пушти оҳангарӣ ризқу рӯзӣ ба даст оварда, ба ин васила сайри ҷаҳон намуд. Ҳамзамон, ба намоишгоҳҳои зиёди ҳунарӣ ба кишварҳои Аврупову Осиё сафар кард.
Қаҳрамони мо ба чанд шогирд нозукиҳои ҳунари кордсозиро омӯзонидааст. Ҳамчунин, фарзандонаш ҳам аз касби падар бархӯрдоранд. Вақте фарзандонаш касби кордгариро омӯхта, ҳамин пешаро интихоб кардаанд, ӯ он ҳиссиётеро, ки замоне падарашро фаро гирифта буд, ҳис кард.
“Вақте фарзандонам пешаи маро интихоб карданд, бениҳоят хушҳол шудам. Замонеро, ки падарам аз интихоби ман хурсанд шуда буданд, ҳис кардам. Дарк кардам, ки воқеан ҳамаи баракат дар ҳамон касбе будааст, ки аз падар мерос гирифта бошӣ”, - иброз дошт Иброҳим Мирзоев.
Аксарият кордро ҳамчун армуғон ба рафиқон ва ё шахсони наздик тӯҳфа мекунанд. Кордҳои мунаққашгардида воқеан зеббахши кошонаҳост, аммо байни мардум ақидае ҳаст, ки тӯҳфа кардани корд хосияти хуб надорад. Вале, кордгарон чунин ақидаро на он қадар дуруст меҳисобанд.
“Ман ба ақидаи оне, ки тӯҳфа кардани корд хосияти бад дорад, мувофиқ нестам. Зеро кордро ҳамчун рамзи ризқоранда, кушояндаи роҳ, ва серию пурӣ ҳадя мекунанд. Боз як анъанае ҳаст, ки ҳар нафаре, ки корд ҳадя мегирад, ба нафари ҳадядода ҳатман танга ё ягон чизи дигар медиҳад. Чунин анъана дар дигар кишварҳо бо тарзҳои гуногун мавҷуд аст”, - нақл кард Иброҳим Мирзоев.
Имрӯз дар аксари кишварҳо истеҳсоли кордҳои гуногунро ба роҳ мондаанд. Аммо, талабот нисбат ба кордҳои дастсохт ҳанӯз зиёд аст. Зеро кордҳои дастӣ дар сифат назар ба кордҳои истеҳсолии корхонаҳо боқувватаранд. Дар Истаравшан кордгарон чунин намуди кордҳоро месохтанд: корди калони аврудор, корди майдаи аврудор, корди чилмеха, корди қалъанок, корди гулибандаш биринҷӣ, корди дасташ устухони гов, корди сарбаста, корди қуббанок, корди гулибандаш каҷак, корди нованок, корди сӯқмаи суякдор, корди дасташ чӯб, корди ёрма, корди дастабақам, корди рӯзғорӣ, корди шикорӣ ва дигар намудҳоро месохтанд.
Иброҳим Мирзоев низ анъанаи кордсозии кордгаронро идома дода, чунин навъҳоро месозад. Чун ба намоишҳои зиёди ҳунарӣ меравад, намудҳои гуногуни кордро месозад, то маҳсулоти бурдаашон писанди ҳамагон бошаду назир надошта бошад. Мо барояшон дар ин ҷода боз ҳам барор мехоҳем.