Sebiston new 2024 october
Гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистону Узбекистон кушода шуд
09.03.2022
ОИЛА
1217

Сарҳади Тоҷикистону Узбекистон, ки бо сабаби пандемияи ковид 19 баста шуда буду танҳо ронандаҳои мошинҳои боркаш ҳақи ворид шудан доштанд, сар аз 15 марти соли ҷорӣ пурра боз мегардад.

Ситоди ҷумҳуриявии бар зидди COVID-19 дар Тоҷикистон хабар додааст, ки гузаргоҳҳои марзӣ бо Узбекистон "ба реҷаи оддӣ гузаронида шуд" ва акнун қоидаҳои вуруд ба Тоҷикистон сабуктар шуданд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳам хориҷиён метавонанд бо доштани гувоҳнома дар бораи пурра эм шудан аз коронавирус, бе супоридани ташхиси нав вориди Тоҷикистон шаванд. Пештар шаҳрвандон вазифадор буданд, ки ҳангоми даромадан ба Тоҷикистон тариқи гузаргоҳҳои марзӣ, аз нав ташхиси гирифтор набудан ба COVID-19-ро супоранд.

Сабукии дигар ин аст, ки "ҳангоми ба қаламрави Тоҷикистон ворид шудани шаҳрвандони Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ дар сурати пешниҳоди маълумотнома бо натиҷаи "манфӣ", ки то 72 соат эътибор дорад, аз гузаштани озмоиши такрорӣ дар нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда мешаванд".

Дар Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо COVID-19 гуфтанд, тасмими пурра боз кардани марз ба хотири ба эътидол омадани вазъи беҳдоштӣ дар Тоҷикистон ва тақвияти робитаҳо бо Узбекистон гирифта шудааст.

Тобисти соли гузашта , шикоятҳо аз фасодкорӣ дар гузаргоҳҳои марзӣ чандин маротиба расонӣ гашта буд ва сокиноне, ки мехостанд ба Узбекистон раванд, аз он норозигӣ доштанд, ки дар вақти убур марзбонони тоҷик бо ҳар баҳона аз онҳо маблағ талаб мекунанд.

Мақомоти тоҷик ҳолатҳои ҷой доштани фасод дар гузаргоҳҳои марзиро қисман эътироф мекунанд. Аз ҷумла, сомонаи Cabar аз қавли масъулини Оҷонсии зидди фасод навиштааст, соли гузашта як ҳолати фасод дар гузаргоҳи "Дӯстӣ" дар шаҳри Турсунузода ошкор шуда, гунаҳкор муҷозот шуд.

Миёни Тоҷикистон ва Узбекистон 16 гузаргоҳи марзӣ амал мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД