Arzon march 2024
Гумонбарони ҳамла ба «Крокус Сити Холл» кистанд?
983

Саидакрам Раҷабализода (Муродалӣ), яке аз гумонбарони ҳамла ба «Крокус Сити Холл»-и Маскав, ки ҳангоми боздошт як гӯшашро буридаанд, зодаи шаҳри Ваҳдат будааст.

Ин ҷавон 30 сол дорад ва ба гуфтаи ҳамсараш Бибисоро Ашӯрова, аввали моҳи январи ҳамин сол ба Русия рафта будааст.

Бибисоро ба “Озодӣ” гуфтааст, ки ҳамсараш “тақрибан се моҳи охир ягон бор на занг зад, на суроғ кард ва на пул фиристод».

Ин дар ҳолест, ки нашрияи “Ҳуррият”-и Туркия навишт, ки Саидакрам Раҷабализода 5-уми январи имсол вориди Истанбул шуд ва 2-юми март якҷо бо Фаридуни Шамсиддин, гумонбари дигари ҳамла ба «Крокус» ба Русия рафт.

Саидакрам то замони ба Русия рафтан дар корхонаи мебелсозӣ дар шаҳри Ваҳдат кор мекард. Ба гуфти пайвандонаш, ӯ дар ҷое таълими динӣ нагирифта ва мактабро ҳам то то синфи 9-ум хонда будааст. Ҳамсараш гуфтааст, ки гоҳ намоз мехонду гоҳ не.

Саидакрам моҳи декабри соли 2017 оиладор шуда, соли 2018 ба Русия меравад. Баъдан депорт мешавад ва баъди 5 сол азми сафари Русия мекунад.  

Раҷаблизодаи 30-соларо рӯзи 24-уми март бо қарори Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав барои ду моҳ ба ҳабс гирифтанд. Пеш аз ин дар шабакаҳои наздик ба мақомоти қудратии Русия навори шиканҷаи ӯ пахш шуд.

Дар видео дида мешавад, ки гӯши ин шаҳрванди Тоҷикистонро бурида, ба даҳонаш гузошта, маҷбур кардаанд, ки онро фурӯ барад. Ба навиштаи “Фонтанка”, ин наворро шабакаҳои наздик ба гурӯҳи зархариди “Вагнер” пахш кардаанд.  

Гуноҳашро ба гардан нагирифт

Муҳаммадсобир Файзов гумонбари дигари ҳамла ба “Крокус Сити Холл” зодаи ҷамоати Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ будааст. Ӯ то ҳамла дар шаҳри Иваново ҳамчун устои сартарош кор мекард. 

Модари ӯ, Сайрам Файзова мегӯяд, ки ҳеч бовараш намеояд, ки фарзандаш ҳамлаи террористӣ анҷом додааст.

Ин зан гуфтааст, ки фарзандаш меҳрубону дилсӯз буд ва то имрӯз касе аз ӯ шикояте накарда будааст.

Муҳаммадсобир дар шабакаи иҷтимоии «ВКонтакте» саҳифа дорад. Аз он дида мешавад, ки ӯ зоҳиран як ҷавони оддӣ аст ва бештар аз рафти кораш аксу наворҳо пахш мекард. 

Расонаҳои русӣ менависанд, ки ӯ ҳамчунин ба варзиш машғул буда, дар толори варзишии War Pro дар Иваново дар риштаи кикбоксинг машқ мекардааст.

Ба иттилои пайвандон, Муҳаммадсобир барои беҳтар кардани вазъи оила ба Русия рафта буд. Зеро онҳо дар як ҳавлӣ чор оила зиндагӣ мекарданд. Модараш гуфтааст, ки вай мехостааст барои таҳсил ба Хитой биравад. 

Муҳаммадсобири 19-соларо рӯзи 23-юми марти имсол дар Русия дастгир карда, ба толори Додгоҳи ноҳияи Басманний бо аробача ва либоси тиббӣ оварданд. Пеш аз он дар шуъбаи эҳё буд ва бозпурсияш дар он ҷо гузашт. Вай ба суоли аввали муфаттишон, ки бо ёрии тарҷумон сурат гирифт, бо суоли «Ман чӣ кор кардаам?» посух дод.

Бино ба иттилои нашршуда ҳангоми амалиёти боздошт гӯё муқовимат карда, як чашмаш сахт осеб дидааст. Дар сару рӯяш осори зарбу лат намудор буд. Ӯ аз миёни 4 гумонбари ҳамла ягона нафарест, ки гуноҳашро эътироф накардааст.

Қаблан ҳабс шуда буд

Гумонбари дигар Фаридуни Шамсиддин 25 сол дорад ва сокини деҳаи Лойобаи Ҳисор аст.  

Фаридуни Шамсиддин дар навори бозпурсии мақомоти Русия дар ҳоле ки дастонаш баста ва дар замин ба зону зада буд, гуфт, 4-уми марти имсол аз Туркия ба Русия гузашт. Ба онҷо бо ҳадафи гузаштан аз сарҳад ва тамдиди будубошаш дар Русия рафта будааст.

Вай дар ҳамин бозпурсӣ гуфт, ки барои иҷрои ҳамлаи террористӣ аз ёвари як рӯҳонӣ “500 ҳазор рубл” гирифт. Каналҳои русӣ дар Телеграм рӯзи 23-юми март акси шиканҷа шудани ӯро бо барқ нашр карданд.

Яке аз пайвандони Фаридуни Шамсиддин, бо шарти зикр нашудани номаш ба “Озодӣ” гуфт: «Дар рафтораш ҳеч амали шубҳаовар надида будем. Шаш моҳ пеш ба Русия рафт ва ба хонаводааш пул мефиристод. Ӯ ба мисли як муҳоҷири оддӣ рафтор дошт ва касе ба ӯ шубҳа надошт. Мо хабарро шунида, дар ҳолати шок афтодем. Як гунҷишкро кушта наметавонист ва хеле тарсончак буд».

Фаридуни Шамсиддин соли 2022 издивоҷ карда, як писари ҳаштмоҳа дорад. Манбаъ мегӯяд, ки ин ҳодиса пайвандони ӯро дар ҳолати бисёр бад гузоштааст.

“Ҳоло ҳамсар, падару модар ва хушдоманашро ба Душанбе барои бозпурсӣ бурданд. Дар Маскав дар хонаи хоҳараш номнавис шуда буд. Язнааш талоқи хоҳарашро додааст. Мақомоти Русия ӯро субҳи ҳамин рӯз ба далели дар хонааш номнавис кардани Фаридун бо се кӯдакаш аз Русия ихроҷ карданд. Хоҳараш, Маҳбуба Заргарова, шоми имрӯз бояд ба Тоҷикистон бирасад”,- гуфт ӯ.

Ба нақли ин хешованди Фаридуни Шамсиддин, ӯ то Русия рафтан дар як нонвойхонаи шаҳри Ҳисор кор мекард ва «на намоз мехонд, на рӯза медошт».

Тибқи иттилои “Озодӣ”, ӯ пештар ба иттиҳоми озори ҷинсӣ дар Тоҷикистон аз озодӣ маҳрум шуда, соли 2020 озод гардидааст.

Роҳбари ҳамлаварон

Далерҷон Мирзоев (Баротович) гумонбари чоруми ҳамла ба “Крокус-Сити Холл” аст. Ӯ дар ҳоле ба додгоҳ оварда шуд, ки беҳол ва сардаргум намудор шуда, дар сару рӯяш осори латукӯб дошт ва дар гарданаш боқимондаи пакети селофанӣ овезон буд. Вай, ба гуфтаи дафтари матбуоти додгоҳ, айбномаро қабул кард ва худро гунаҳкор донист.

Далерҷон Мирзоеви 32-сола соҳиби кӯдакони солҳои таваллудашон 2018, 2017 ва дугоникҳои якунимсола мебошад. Ӯ дар Новосибирск ба муддати се моҳ сабти номи муваққатӣ дошт, ки муҳлати он аллакай гузаштааст.

Як рӯз пеш сармуҳаррири шабакаи телевизионии RT Маргарита Симонян видеои бозпурсии Мирзоевро нашр карда, ӯро раҳбари гурӯҳи терористӣ номид. Дар навор ӯ мегӯяд, ки тақрибан як моҳ бо Муҳаммад (дар мурофиа маълум шуд, ки ин созмондиҳандаи дигари ҳамлаи террористӣ Муҳаммадсобир Файзов будааст) дар хобгоҳе дар шоҳроҳи Дмитров зиндагӣ мекард. Вай ҳамчунин гуфт, ки 10-12 рӯз пеш тавассути Telegram бо нафаре бо номи Абдулло шинос шуда, аз хешовандони ӯ мошин харид, то таксиронӣ кунад.

Тавре нашрияи «Важные истории» менависад, эҳтимол сухан дар бораи Абдулло Бӯриев меравад, ки шояд созмондиҳандаи ҳамлаи террористӣ дар Маскав бошад.

Ба навиштаи ин нашрия, ӯ омилони ҳамлаи террористӣ дар Истамбулро дар охири моҳи январ бо мошини дорои рақамҳои Лаҳистон таъмин карда, сипас ба Русия парвоз кардааст. Бӯриев ба ҳайси куратори бахши афғонистонии ДОИШ зери назорати хадамоти истихбороти Туркия қарор доштааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД