Дар бисёре аз донишгоҳҳо фоизи дохилшавӣ ба донишгоҳҳо на онқадар дараҷаи баланд нишон дода шудааст. Як нуқтаро мехоҳам қайд намоям, ки вобаста ба кластери 5 ин мушкилӣ нест. Яъне донишгоҳҳои тиббие, ки дар кишвар аст, сад фоиз аз донишҷӯ таъмин шудаанд.
Маҳмадшо Гулзода Ректори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ин нуқтаро дар нишасти хабарӣ бо рӯзноманигорон қайд намуд.
Мавсуф ҳамчунин илова кард, ки “дар ин самт мо ягон мушкилиро надидием ва он донишҷӯе, ки бо баҳои хубу аъло мактабҳои миёнаро хатм кардаанд, тавассути Марказҳои миллӣ ба Донишгоҳи тиббӣ шомил шуданд.”
Лозим ба ёдоварист, ки забони таҳсил дар ин донишгоҳ бо се забон-тоҷикӣ, русӣ ва ангилисӣ ба роҳ монда шудааст ва маоши омӯзгороне, ки бо забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо забони англисӣ дар донишгоҳ дарс медиҳанд, аз миқдори муайяншудаи имрӯза маоши миёнаи сатҳи омӯзгоре, ки дар Донишгоҳи Далватии Тиббӣ аст, сад фоиз зиёд мебошад.
Донишгоҳ соли 2023 дар номинатсияи беҳтарин донишгоҳҳои тибии кишварҳои Осиёи Марказӣ , Малдова ва Белорусия мақоми аввалро ишғол намуда, бо Сертификат сарфароз гардонида шуд.