shoh palace
Гулпарварӣ санъат аст
906


Гул рамзи зебоӣ ва меҳру муҳаббат буда,ба кас шодию нишот мебахшад. Аз ҳамин хотир дар ҷашни зодрӯз, базми арӯсӣ, ба ифтихори хатми донишгоҳ ё ноил гаштан ба дастоварде ба кас маҳз гул туҳфа мекунанд.

Гирифтани гулдастаю тамошои гулзор кайфияти ба худ хосе дорад, вале парвариш кардану коштани гул кори саҳлу сода нест. Он аз кас натанҳо вақту нерӯи зиёд,балки завқи баландро низ талаб мекунад, аз ин лиҳоз мо қарор додем, ки дар арафаи иди зебои бонувон ва “Рӯзи Модар” ба шумо аз ҳаёти як зани гулпарвар ҳикоят кунем.

                           Гул рамзи зебоист
Ҳоҷалой Тоҷиеваи 53-сола панҷ сол боз ба парвариши гул ва фурӯши он машғул аст. Ин зани хушзавқ дар фасли баҳор гулҳои гуногун мекорад ва тухмиҳои онро захира карда, баъдан ба бозор мебарорад. Қаҳрамони мо дар баробари фурӯхтани навъҳои гуногуни гул ба фурӯши тухмиҳои гуногуни кишоварзӣ низ машғул аст, вале мегӯяд сару кор гирифтан бо гулҳо кайфияти дигар дорад, чунки гул рамзи зебоист.

                          Аз пайи модар...

Модари Ҳоҷалой Тоҷиева аз гулпарварони номи ин минтақа ба шумор мерафт ва ӯ аз овони хурдсолӣ ба кору бори модар кӯмак расонда, нозукиҳои гулпарвариро аз худ мекард. Ҳавлии онҳо ҳамеша пур аз намудҳои гуногуни гул буд. Ҳамсояҳо бо ҳавас ба саҳни пургули ҳавлии онҳо нигариста аз зебоии назаррабояш лаззат мебурданд.
"Модарам як умр ба парвариши гул машғул буданд. Рӯйи ҳавлиамон пур аз гул буд. Ҳамсояҳо аз дастони муъҷизакори модарам дар ҳайрат буданд, зеро баҳору зимистон ҳавлии мо ҳамеша гулзор буд. Мо ба модарам барои хишоваи гулҳо кӯмак мерасондем. Модарам ҳар як нозукии гулпарвариро ба мо меомӯхтанд. Аз ҳамон вақт ба гулпарварӣ дил бастам"-қисса мекунад ин бонуи гулпарвар.

Гулпарвар ҳам бояд эҷодкор бошад

Ҳоҷалой баъди ба шавҳар баромадан ҳам ба гулпарвари машғул шуд, аммо танҳо барои зебоияш рӯйи ҳавлии хонааш кишт мекарду халос. Пас аз он ки фарзандонаш ба воя расиданд ва синну соли модараш ҳам ба ҷое расид, вай ба фурӯши тухмиҳои гул ва парвариши он ҷиддан машғул шуд. Қаҳрамони мо бар он ақидааст, ки гулпарвар бояд эҷодкор бошад, то ҳангоми кишти гул ва баъди шукуфтани он рӯйи замини кишт асари бузурге офарида шавад.
"Вақте гулҳои Душанберо аз оинаи нилгун мебинем, дар ҳайрат мемонем. Он гулҳо бисёр эҷодкорона кишт шудаанд. Ранг, қад ва сабзаашон басо ба ҳам мувофиқанд. Аз тамошои ин гулҳо ба хулосае омадам, ки гулпарвар бояд эҷодкор бошад, то тавонад тавассути гулҳо асари зебоеро рӯйи замин кишт кунад...."-мегӯяд Ҳоҷалой.

Қаҳрамони мо мавсими кишти гулро моҳи апрел медонад, зеро дар ин моҳ эҳтимоли боридани барф ё хунукии сахт камтар аст.

Қаҳри гулро наоред

Ҳоҷалой Тоҷиева бар он назар аст, ки агар ба гул меҳрубонӣ ва дилсӯзӣ накунӣ, аз замин намерӯяд. Гулҳои сабзида аз бемеҳрии боғбон хушк шуда, гулҳои шукуфта пажмурда мешаванд вва гулбаргҳояшон мерезад.
"Гул ҳам мисли инсон нозук аст ва меҳрубонӣ мехоҳад. Гулпарвар ҳамеша бояд аз пайи гулҳо бошад. Аз алафҳои бегона тоза карда, нурӣ пошад, тагашро нарм кунад, обашро дар вақт-вақташ диҳад. Барои гул дар фасли баҳор дар як ҳафта як маротиба об мондан кифоя аст. Аз ин рӯ набояд қаҳри гулро орем. Гулҳо ба мо оромиш ва зебоӣ мебахшанд, пас мо ҳам дар навбати худ боялд нисбати гулҳо меҳрубон бошем." -гуфт зимни сӯҳбат ин зани гулпарвар.

Гулҳо шифо мебахшанд, агар...

Гулҳо дар баробари зебоиву оромиш бахшидан ҳамзамон хусусияти шифобахшӣ низ доранд. Тамошои сабзаву гул нури чашмро қувват мебахшад. Кадбонуҳо аз барги гул мураббо мепазанд. Занбӯри асал аз шаҳди он асалҳои ширину гуворо омода мекунад. Пас коштану парвариши гул ҳам барои табиат ва ҳам барои инсоният муҳим аст.
Назар ба гуфти қаҳрамони мо, дар хонааш ӯ гулҳои зиёд кишт мекунад вале барои қонеъ кардани талаботи мардум ин ҳанӯз хеле кам аст. Ҳоҷалой ният дорад боғи калоне ташкил карда, дар оянда гулпарвариро бештар ривоҷ диҳад, то ки гулҳо ба одамон шодию нишот бахшида, табъи мардумро дар тамоми иду ҷашнҳо болида гардонанд.

Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД