sebiston july new
Гулноза пеш аз машҳур шудан чӣ гуна зиндагӣ дошт?
3141

Гулноза Хоҷаева. Имрӯз ин ном ба хурду калон ошно буда, ҳамагон ӯро дӯст медоранд. Ӯ новобаста аз ҷавониаш алакай дар байни мардум тавонист маҳбубияти худро пайдо кунад. Мехоҳед бидонед, ки Гулноза пеш аз машҳур шудан чӣ гуна зиндагӣ дошт ва чӣ гуна мушкилиҳоро паси сар намуд? Пас, мутаваҷҷеҳ бошед!

Гулноза Хоҷаеваро асосан баъди филми ҳаҷвии “Хусури ман” ҳамагон шинохтанд. Ҳарчанд пеш аз ин филм дар телевизиони “Баҳористон” кор мекарду ба зиёд нафарон шинос буд, аммо ин филм маҳбубияти Гулнозаро дучанд намуд.

Гулноза пеш аз машҳур шудан аз ҷиҳати молиявӣ сахт азоб мекашид. Ҳам дар ТВБ кор мекарду ҳам дар коллеҷ котиба буд. Боз хонаҳоро рӯбучин мекарду шабона дар як корхона шаб то саҳар покетчаҳо омода месохт, ки донааш 10 дирам арзиш дошт.

Ӯ мегӯяд, ки барои пешбурди зиндагӣ ба ҳама кор розӣ буду мехост бо меҳнати ҳалол рӯзгори хешро пеш барад. Аммо ҳеҷ гоҳ ба кори бад даст назад.

Ин ҳама заҳматҳояш буд, ки имрӯз дар байни омма маҳбубияти зиёди худро пайдо кардаасту зиндагии худро куллан дигар сохтааст.

Имрӯз ӯ яке аз беҳтарин журналистон ва ҳунарпешаҳои ҷавони кишвар аст, ки дар зиёд чорабиниҳо даъват мешаваду дар дилу дидаи мардум ҷой гирифтааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД