Дар доираи бозиҳои даври интихобии Ҷоми ҷаҳон‐2026 рӯзи 14-уми ноябр дастаҳои мунтахаби Кореяи Шимолӣ ва Эрон бо ҳам рақобат хоҳанд кард. Бозӣ дар Лаос баргузор гашта, Гулмуроди Саъдулло дар майдон доварӣ мекунад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки ҳайати доварони Тоҷикистон таҳти роҳбарии довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло дар бозии панҷуми даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «А» кор мекунанд.
Дар бозие, ки рӯзи 14-уми ноябр байни дастаҳои Кореяи Шимилӣ ва Эрон сурат мегирад, ёварони довари ФИФА Ҳасан Каримов ва Вафо Қараев ба Гулмуроди Саъдулло кумак мекунанд. Довари ФИФА Насрулло Кабиров довари эҳтиётӣ таъйин шудааст.
Сивакорн Пу-Удом аз Тайланд дар VAR кор карда, ёвари VAR - ҳаками дигари тайландӣ Виват Ҷумпаоон интихоб шуд.
Авни Абдулкарим Саид Ҳассунӣ аз Урдун кори ҳайати доваронро назорат хоҳад кард.