Дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни духтарони то синни 17 сола (U-17) гулдухтарони тими КМВА-ММВЗО-и шаҳри Душанбе ғолиб омада, сазовори ҷойи аввал гаштанд.
Бозиҳои даври финалии Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни духтарони то синни 17 сола (U-17) дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд баргузор гашта, гулдухтарони Душанбе тими Бишкенти ноҳияи Носири Хусравро бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуданд.
Дар бозии охири мусобиқа дастаи КМВА-ММВЗО-и Душанбе тими Суғдро бо ҳисоби калон 5:1 шикаст дода, сазовори ҷойи аввал гашт.
Ёдрас мешавем, ки тими КМВА-ММВЗО қаблан бо номи “Душанбе” амал менамуд ва соли гузашта низ дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни бонувони то синни 17 сола сазовори ҷойи 1гашта буд.
Мураббии даста Гасимова Зебо Холовна “Беҳтарин мураббии соли 2026” дониста шудааст.
Ғалаба муборак, гулдухтарони Душанбе!