Нигина Амонқулова, овозхони 35-солаи тоҷик, пас аз ду моҳи хомӯшӣ, охири ҳафтаи гузашта таронаи попурии худро бо номи “Гулчин” нашр намуд.
Тарона дар доираи лоиҳаи ҷадиди Нигина Амонқулова ва ширкати продюсерии “Qiam Entertainment” рӯи кор омада, овозхон онро бо садои зинда иҷро кардааст. Нигина Амонқулова порчае аз суруди ҷадидашро дар шабакаҳои иҷтимоияш нашр карда, дар бораи муаллифи шеъру оҳанг маълумот надодааст.
Таронаи ҷадидро аз рӯзи нашраш то кунун дар саҳифаи “Qiam Entertainment” дар шабакаи YouTube зиёда аз 50 ҳазор нафар тамошо карда, чун ҳамешагӣ ба сару либос, садо, тарзи иҷроиш, мазмуни суруд ва ҳаракатҳои овозхон баҳои баланд додаанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки таронаи “Гулчин” на танҳо тоҷикистониён, балки мардуми кишварҳои ҳамсояро низ мафтун кардааст. “Ман ӯзбекам, тоҷикиро намефаҳмам, вале Нигинаро дӯст медораму эҳтиром мекунам”,-навиштааст корбаре бо номи Мансурбек.
Аммо аз оне ки бону Нигина номи муаллифи шеър ва оҳангро қайд накардааст, бархе корбарон изҳори норозигӣ кардаанд. “Гулчин” дувумин суруди овозхон мебошад, ки дар доираи як лоиҳаи ҷадидаш бо садои зинда пешниҳод мешавад. Ду моҳ қабл ӯ суруди “Субҳат ба хайр, азизам”-ро низ бо садои зинда ба ҳаводорони ҳунараш тақдим карда буд.