Formula novemver 2024
Гулбибӣ имрӯз зодрӯз надорад, аммо...
2162

 

 

- Алло. Салому алейкум, апаҷон. Хубед? Зодрӯзатон муборак бошад! Каму ғамро набинед!

- Воалейкум, раҳмат, лекин ман зодрӯз надорам имрӯз.

- Чӣ хел? Дар ҳама ҷо шуморо бо зодрӯзатон табрик карда истодаанд, - ку?

- Ҳо, дидам. Хела табрик карданд, навистанд, саломат бошанд! Зодрӯзи ман шаби Соли нав аст.

- Пас, чаро шуморо дар ин рӯз табрик мекунанд?

- Ман ҳам ҳайрон (механдад)... Вақте хурд будам ва дар хона танҳо мемондам, кадушӯрбо ва ё ягон хӯроки дигар пӯхта, кӯдакони ҳамсояро ба хона даъват мекардам, ки зодрӯз дорам. Онҳо бо тӯҳфа, ба мисли рӯймолча, кокулчаҳо, дафтар ва ручка ба хона меомаданд. Нафаре, ки бе туҳфа меомад, ба ӯ иҷозати ба хона даромадан набуд. Ҳар вақте, ки ман дар хона танҳо мемондам, он рӯз бароям зодрӯз буд. Дар умум гӯям агар ҳар рӯз барои ман зодрӯз аст.

- Имрӯз шуморо кӣ аввалин шуда табрик кард?

- Як муаллима, ба фикрам мухлиси ашадиам.

- Чӣ нақшаҳо то зодрӯзатон, яъне Соли нав доред?

- Мехоҳам комедияҳои нав ба нав барои мухлисонам барорам, чун мавсими нави театр оғоз ёфт, пагоҳ, 20 сентябр дар Театри ҷавонон ба номи М. Воҳидов намоишномаи “Зани оҳанин”-ро пешкаши мухлисон мегардонем. Нақшаҳо хеле зиёданд...

- Беҳтарин апа, ба шумо бурдборӣ хоҳонам.

- Саломат бошед, додарҷон.

Гулбибӣ Абдулхайрова 1 январи 1976 дар деҳаи Чортеппаи ноҳия Рӯдакӣ ба дунё омадааст. Соли 1997 Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзодаро хатм намуда, дар Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов ҳунар меозмояд.

Ӯ дар намоишномаҳои “Аҳмади бинӣ”, “Ба пеш холаҳо”, “Марги ду тан”, “Заволи Ҷамбули Мастон”, “Киштишикастагонем”, “Бегоҳи шанбе”, “Торҳои муҳаббат”, “Тири маломат”, “Зани сарватманд”, “Меҳмони нохонда”, “Моҷарои имтиҳон”, “Моҷаро”, “Шоҳдухтар Фефела”, “Харгӯши доно”, “Аловиддин ва чароғи сеҳрнок” ва ғайраҳо нақш бозида, собит сохт, ки аз сабукборони соҳил нест.

Бинандагон аз ғайрати эҷодиаш солиён боз лаззат мебаранд, бешак, маҳорат ва лаёқаташ дар мазҳака баланд аст, аз миёни бонувон ошнотарин чеҳраи ҳунар маҳсуб меёбад.

Соли 2022 бо унвони Ҳунарпешаи шоиста қадрдонӣ шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Момаҷон 2023-09-20, 07:01
Ана гапу мана гап Гулбибӣҷонда гап нестай! Аз ҳамада зурай, Гулбибишка! Ҷони ҷононай Гулбибиҷон! Қанду қандалотай. 100 сола шавӣ Гуляҷон, Бибиҷон , Ҷониҷон! Ин қадар нағзтон мебинем ҳамаи аҳли оилаи мо. Мухлисҳои худтонем, Гулбибиҷон!!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Момаҷон 2023-09-20, 07:01
Ана гапу мана гап Гулбибӣҷонда гап нестай! Аз ҳамада зурай, Гулбибишка! Ҷони ҷононай Гулбибиҷон! Қанду қандалотай. 100 сола шавӣ Гуляҷон, Бибиҷон , Ҷониҷон! Ин қадар нағзтон мебинем ҳамаи аҳли оилаи мо. Мухлисҳои худтонем, Гулбибиҷон!!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД