Беэҳтиётии ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳ боиси сар задани ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш мегардад.
Вазорати умури дохилии кишвар аз рӯй додани боз як садамаи маргбор хабар додааст.
Қобилов Машокирҷон Неъматович, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Хуҷанд, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» субҳи 2-юми марти соли равон, тахминан соатҳои 06:00 ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди кӯчаи Гагарини шаҳри Хуҷанд аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Шарипова Гулбаҳор Ғайбуллоевна, соли таваллудаш 1970, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа ин зани 53-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид. Таҳқиқот аз рӯи ин ҳодиса идома дорад.