Гулбаҳор Ғаффороваро тамошобинони тоҷик ҳамчун беҳтарин зани ҳаҷвнигор хуб мешиносанд, дӯст медоранд ва эҳтиром мекунанд. Ин бонуи шӯхтабъ солҳост, ки дар театр-студияи «Хандинкамон» бо саҳначаҳои ҳаҷвии намакин баромад карда, дар дили дӯстдорони ҳаҷву ханда маъно гирифтааст.
Ин ҳаҷвнигори маъруфи Наврӯзро дар куҷо ва бо кӣ мегузаронад? Сари ин мавзӯъ мо бо худи Гулбаҳор сӯҳбати ҷолибе доштем, ки фишурдааш манзури шумо-муштариёни азизи сомонаи Оила. ТЧ мегардад.
-Гулбаҳор-бону Наврӯзро дар куҷо ҷашн гирифтаниед?
- Ҳар сол мо дар иди Наврӯз дар чандин ҷойҳо баромад мекунем. Имсол низ дар Наврӯзӣ дар маҳфили фарҳангии шаҳри Гулистон қариб 1 соату 30 дақиқа баромад дорем. Барномаи хеле зебо тайёр карда истодаем, боварӣ дорам, ки ба мухлисони ҳаҷву ханда писанд меояд. Имсол Наврӯзро дар ҳамон ҷо ҷашн мегирем.
-Бисёре аз шахсони шинохта иду ҷашнҳоро дар хориҷа мегузаронанд...
- Ростӣ, намедонам кӣ дар куҷо ҷашн мегирад, вале шахсан ман ягон маротиба танҳо барои ҷашн гирифтани Наврӯз ба хориҷа нарафтаам. Ҳамеша ин идро дар ҳудуди вилояти Суғд ё Душанбе мегузаронам. Ҳарчанд худи ман нарафта бошам ҳам, аз хориҷа, аз ҷумла аз Белгия ба ман яке аз хоҳарчаҳои азизам, ки чанд сол боз дар он ҷо сукунат дорад, видеоҳо равон мекунад, ки чи тавр Наврӯзро ботантана ҷашн гирифта истодаанд. Аз Маскав ҳам чандин шиносҳоям наворҳо равон мекунанд, ки иди Наврӯзро бисёр зебо ҷашн гирифта истодаанд. Танҳо як маротиба, соли гузашта дар Маскав бо бонуҳои Тоҷикистон, ки он ҷо кор мекунанд, бо барномаҳои ҳаҷвии худ Наврӯзро ҷашн гирифтем. Наврӯзии хубу хотирмоне буд.
-Дар хонаатон дар иди Наврӯз дастурхони идона ва хӯрокҳои миллӣ омода мекунед?
-Афсӯс, ман дастурхони идонаро наметавонам дар хонаи худам омода созам, вале кӯшиш мекунам, ки дар базми наврӯзии падару модарам дар шаҳри Исфара иштирок кунам ва Наврӯзро бо аҳли оилаам ҷашн гирам.
- Шумо хеле серкор ҳастед, барои пухтани суманак, ки яке аз рамзҳои асосии Наврӯз аст, вақт меёбед?
-Азбаски дар ин ид баромаду чарабиниҳои мо хеле зиёд аст, имконияти дар хонаи худам суманак пухтан надорам, вале шунавам, ки дар хонадони ягон дӯстам суманак мепазанд, ҳатман ягон илоҷ ёфта, рафта иштирок мекунам ва бо орзуҳои нек деги суманакро мекобам. Орзу дорам, ки дар хонаи худам бо пайвандону наздиконам суманак пазам.
-Таманниёти шумо ба мардуми Точикистон дар иди Наврӯз?
-Тоҷикистони азизи мо ҳамеша гулгулшукуфон бошад. Дастурхони мардуми тоҷик пур аз нозу неъмат бошаду зиндагии обод дошта бошанд. Ҳамеша саломату сарбаланд ва дар лабонашон ханда ҳувайдо бошад. Ба ҳамаашон мегӯем:
Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!
Наврӯзатон фирӯз бод!