new banner new years
ГРИЖАИ СУТУНМУҲРА АЗ ЧӢ ПАЙДО МЕШАВАД?
4356

 

Бо тақозои вазифа рӯзи дароз паси компютер нишаста кор мекунам. Чандест аз дарди сутунмуҳра азият мекашам. Дирӯз ба назди табиб рафтам ва ташхис нишон дод, ки ба грижаи сутунмуҳра гирифтор шудаам. Дар бораи ин беморӣ маълумот диҳед?

Шукрона, ш. Душанбе

Барои ба ин савол ва дигар пурсишҳои ба ҳамин мавзӯъ марбути хонандагонамон ҷавоб гирифтан ба мутаххасиси иллатҳои сутунмӯҳра Салоҳиддин Қосимов муроҷиат намудем. Табиб аз матлабамон огоҳ шуда, чунин ҷавоб дод:

-Грижа вақте пайдо мешавад, ки диски сутунмуҳра фарсуда шуда ба сӯрохиҳои сутунмуҳра медарояд ва сабабгори илтиҳобу варами бофтаҳо мегардад. Дар натиҷа дарди сутунмуҳра зуҳур менамояд.

-Дард дар мавзеи сутунмуҳра метавонад ягон сабаби дигар дошта бошад?

-Албатта метавонад. Бемориҳои гинекологию анкологӣ ва артрози буѓумҳои кос низ сабаби дарди сутунмуҳра гашта метавонанд.

-Дарди сутунмуҳраро агар малҳаму мазҳои таскинбахш сокит насозанд, бемор бояд чӣ кор кунад?

-Дарди сутунмуҳра агар дар бадали ду-се ҳафта нагузарад, ҳатман ба табиби ортопед ё невропотолог муроҷиат кардан лозим аст. Табиб грижаи дискро пай барад, беморро ба рентгени сутунмуҳра мефиристад. Дар баъзе ҳолатҳо барои аниқ намудани беморӣ ташхиси дақиқтар гузаронидан лозим меояд.

-Грижаи сутунмуҳраро танҳо ҷарроҳӣ даво мебахшад ё ягон роҳи дигари табобаташ вуҷуд дорад?

-Давраи авали табобати беморӣ бо истифодаи дорувориҳо сурат мегирад. Ба бемор дорувории зиддиилтиҳобӣ, сӯзандору ва малҳамро тавсия медиҳанд. Табиб ҳамчунин машқи бадан, сӯзанмонӣ, маҳс, табобат бо барқ ва лазер мефармояд. Бо ин роҳҳо дарду илтиҳобро кам кардан мумкин аст, вале бо ҳамин беморӣ пурра табобат намешавад.

-Бояд ҳатман ҷарроҳӣ кард?

-Дар 95% ҳолатҳо ҳангоми грижаи диски сутунмӯҳра ба мариз бе ҷарроҳӣ низ кӯмак расонидан мумкин аст, вале дар доштани бемориҳои узвҳои кос (таз) , карахтшавии пой ва пойро ҷунбонида натавонистан ҳатман бояд ҷарроҳӣ намуд.

-Ҳатмӣ будани ҷарроҳиро чӣ гуна метавон пайхас кард?

-Дарди миён дар як сол аз се маротиба зиёдтар рух диҳад, дарди ҷонкоҳи миён ва пойҳо бо дорувориҳои сахттаъсири таскинбахш рафъ нагардад, донед, ки ҷарроҳӣ роҳи ягонаи халосӣ аз ин беморӣ аст.

-Фарбеҳӣ боиси иллат пайдо кардани сутунмуҳра мешавад?

-Бале, яке аз сарчашмаҳои гирифтор шудан ба ин иллат фарбеҳӣ аст. Одатан дар одамони фарбеҳ касалиҳои гуногуни сутунмуҳра ва банду буѓумҳо, хусусан банду буѓумҳои пой ба вуҷуд меоянд. Сабаб дар он аст, ки пойҳо ҳамчун узви ҳаракат тамоми вазнинии ҷисмро мебардоранд. Дар натиҷаи рӯзи дароз ба пойҳо таъсир расондани вазни зиёд (хусусан агар одам бисьёр фарбеҳ бошад) таѓоякҳои пой хурдаю иллатӣ мешаванд. Дар канори бандҳо остеофити устухон ба вуҷуд меояд, ки ба бофтаҳои атроф таъсири номусоид расонида, боиси сар задани буѓумдард мешаванд.

-Остефоит чӣ гуна беморист?

-Маънои остеофит чиндор шудани устухон аст. Тадриҷан меҳвари устухонҳои пой низ каҷ мешавад. Дар мавриди осеб ёфтани банди зону устухони соқ ба тарафи дарун қат шуда, пойҳо шакли ҳарфи “О”-ро мегиранд.

-Дарди сутунмӯҳра аз дарди гурда чӣ фарқ дорад?

-Пеш аз ҳама одам дарди миён ва пою дастро ҳис мекунад. Тез-тез асабӣ шуда, камҳаракат мегардад. Каме рост истад ё бештар роҳ гардад, дарди шадид ӯро нороҳат менамояд. Барои нест кардани дард ҳар хел доруҳои кимиёвии таскиндиҳандаро истеъмол намуда, бемор дардро як муддат паст месозад, вале ин муваққатист. Аксарият ба доруҳои таскинбахш дил баста, ба зудӣ назди духтур барои ташхис намераванд ва бо ҳамин сабаб беморӣ кӯҳна шуда, табобаташ душвор мегардад.

-Нишонаҳои аввалини беморӣ кадомҳоянд?

-Рӯзҳои аввал таѓйирёбии банду буѓумҳо боиси шомгоҳон дард кардани пойҳо мегардад, минбаъд беморӣ реша давонда, дард пагоҳирӯзӣ ҳам хурӯҷ мекунад. Дарди пойҳо рӯз ба рӯз бештар шуда, дар сурати табобат накардан, доимӣ мегардад. Чунин одамон аз ҳаракат мемонанд, зеро ҳар қадами гузоштаашон дарди ҷонкоҳ дорад. Камҳаракатӣ хавфи дигарро пеш меорад-фарбеҳ шудан!

Зиёдшавии вазни бадан барои сутунмуҳра гаронӣ мекунад ва лаъличаҳои байни муҳраҳои сутунмуҳра, ки вазифаи амартизатор ва ҳаракатдиҳандаи сутунмуҳраро иҷро мекунанд, ба вазни зиёд тоб наоварда осеб меёбанд. Дар натиҷа одам гирифтори миёндард (радикулит) мешавад.

-Дарди сутунмуҳра чӣ оқибатҳои нохуш дошта метавонад?

-Аксари бемориҳои асаб ва ҳатто бенаслӣ аз иллати сутунмуҳра аст. Дарди сутунмуҳраро одатан остеохондроз мегӯянд ва ин касалиро ба ҷамъ шудани намак алоқаманд медонанд. Сутунмуҳра, ки осеб пайдо кард, асаби одамро хароб месозад. Асабоният боиси пайдо шудани дигар касалиҳо мегардад.

-Бо маҳс метавон аз ин дард халос шуд?

-Ҳамчун табиб ман ба беморон маслиҳат медиҳам, ки ҳеҷ гоҳ худсарона «намак дар гардану миёнам ҷамъ шудааст» гуфта, маҳс накунанд. Маҳсро танҳо баъди муайян намудани беморӣ мутахассис мекунад.

-Мегӯянд, ки чурраи сутунмӯҳра аз остеохондроз сарчашма мегирад. Имрӯз аксари ҷавонон аз ин беморӣ азият мекашанд. Чурраи сутунмӯҳра чӣ тавр пайдо мешавад?

-Пеш аз пайдо шудани чурра дар сутунмӯҳра ба таври номуайян сол то сол таѓйиротҳои ҷузъӣ ба миён меоянд. Чурраи сутунмҳра замоне пайдо мешавад, ки дискҳои байни муҳраҳои сутунмуҳра аз фишор ва ё зӯр овардан, якбора бардоштани бори вазнин хӯрда мешаванд ва қисми чандирии он ба моддаи сахт (фиброзной) табдил ёфта, оҳиста-оҳиста калон шудан мегирад. Табибон дар ин ҳолатҳо ба бемор ташхиси «остеохондроз» мегузоранд. Бемор агар аз дард шикоят надошта бошад, ташхиси иловагӣ гузаронида намешавад. Дар баъзе беморон диск бо гузашти вақт дам ё варам мекунад ва ҷои холигии байни муҳраҳоро гирифта ба чурра табдил меёбад. Чурра пояҳои рагҳои асабро фишор меоварад ва дарди сахт пайдо мешавад. Дар даҳсолаи охир ин намуди беморӣ дар байни ҷавонон низ пайдо шуда, нишонаҳои аввалини он дар синни 25 солагӣ ба мушоҳида мерасад. Шикоятҳои беморон аксаран аз дарди миён аст, ки одатан аз як паҳлӯ сар зада ба пой мегузарад ва барои ҳаракат кардани одам халал мерасонад. Бо мурури замон нишонаҳои дигар амсоли каҷшавии сутунмуҳра ва аз кор мондану сустшавии мушакҳо, камҳаракатӣ ё беҳаракатии пойҳо ба вуҷуд меоянд.

-Ин бемориро чӣ тавр бояд табобат намуд?

-Тибқи муқаррарот ҳамаи беморони бо нишонаи чурра шикоят менамуда аввал ба рентген фиристода мешаванд, аммо ин намуди ташхис хусусан дар марҳилаҳои аввали пайдоиши касалӣ маълумоти хеле кам медиҳад. Усули боэътимоди ташхиси чурраи сутунмуҳра томографияи магнитӣ-резонансӣ аст. Тавассути ин усули ташхис ҳатто хурдтарин таѓйироти сутунмуҳра ва ҳаҷму варамаш муайян карда мешавад. Мутаассифона, дастгоҳ хеле қиммат буда, арзиши ин намуди ташхис низ баланд аст ва на ҳама имкони гузаштанашро доранд.

-Бе ҳамин навъи ташхис бемориро муайян карда намешавад?

-Дар баъзе мавридҳо бе ёрии ин дастгоҳ низ ташхиси пурраи чурра имконнопазир мегардад, вале на ҳамеша.

-Чурраи сутунмуҳраро бе ҷарроҳӣ шифо бахшида мешавад?

-Чурраи сутунмуҳраи ҳаҷмаш аз 5 миллиметр хурдтарро бо усулҳои маъмулӣ табобат кардан мумкин аст, вале аз 5 миллиметр калонтар бошад, табибон ҷарроҳӣ намуданро тавсия медиҳанд. Ҷарроҳӣ барои онҳое, ки ҳаракат карда наметавонанд, ҳатмист.

-Духтари навакак аз наздатон баромада хеле ҷавон буд. Ба тани нозуки ин зебосанам аз куҷо газанд расидааст?

-Ин духтарак шабона хоб карда наметавонист. Аз асабонияти зиёд дасту пойҳояш ба ларза медаромаданд. Табобат карда истодаем, хушбахтона саломатиаш рӯз то рӯз беҳтар мешавад.

-Кори вазнин карда сутунмуҳраашро иллатнок намудааст ё баъди таваллуд гирифтори ин беморӣ шудааст?

-Сабаби бемории ин духтарро гӯям, шояд ба назари бисёриҳо хандаовар тобад ё бовар накунанд.

-Аҷиб, чӣ будааст он сабаби хандаовар?

-Дар фасли тобистон ҳаво гарм мешавад ва аксари занону духтарон ба бозор медаванд, ки барои худ курта ва матои зебоеро харидорӣ намояд. Бозорҳо аз матоъҳои синтетикии рангобаранг пур шудаанд. Зебогии ин матоъҳо дили бонувонро моил месозаду зарарашро пай набурда, барои худ дарди сар мехаранд. Ин духтарак ҳам бо сабаби нодуруст либос пӯшидан ба чанголи беморӣ афтидааст.

Диққат дода бошед, солҳои пешин одамон хеле кам аз дарди сутунмуҳра шикоят мекарданд, имрӯз бошад, сари ҳар қадам бо чунин беморон во мехӯрем. Бештар занҳо аз дарди сутунмуҳра шиква мекунанд ва сабабаш либоси тагпӯш аст. Рӯирост бояд иқрор шавем, ки синабандак ва либоси тагпӯши танг занро касалманд месозад. Пӯсти бадани одам ҳасос аст ва тамоми ҳуҷайраҳояш дар ҳаракатанд. Дар натиҷаи совиш додани пӯст ва нарасидани ҳаво занҳо ба чандин бемориҳо гирифтор мешаванд.

-Пас, бонувон чӣ кунанд?

-Либосҳои пахтагин пушанду саломат бошанд!

 



Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД