Гиёҳҳое, ки пучакро мекафонанд
12.06.2025
Oila.tj
218

Ҳар сол дар фасли тобистон дар даст ё поям пучак баромада, маро бисёр азият медиҳад. Аз буридану кофта гирифтанаш безор шудаам. Илтимос, ягон роҳи дигари табобаташро бигӯед!

САМАРИДДИН, аз ш. Кӯлоб

Посухи Садриддиншоҳ Ҷалолӣ:

- Гузаштагонамон пучак ва дигар захмҳои пӯстро ба василаи гиёҳҳо табобат мекарданд. Шумо ҳам метавонед мустақилона малҳам тайёр карда, ҷони худро аз азоби сӯзишу дарди пучак халос кунед. Ман ба шумо чанд роҳи осони тайёр кардани малҳамҳои гиёҳиро мефаҳмонам.

Даво аз барги зуф ва равғани зайтун

Барги зуф дар табобати тамоми намудҳои захм давои беҳтарин атс. Чанд дона барги зуфро тоза шуста, хушк кунед ва кафмол карда, ба шакли хока дароред. Хокаро зуфро бо равғани зайтун нағзакак омехта кунед ва рӯзе 2-3 маротиба кам-кам ба болои захм пошида бандед. Ин даво ба тезтар пухтани пучак ва баромадани зардоби он ёрӣ мерасонад.

Даво аз зарришқа

Дар кишвари мо касе нест, ки чӣ будани зарришқаро надонад. Каме алафи зардришқаро кӯфта, субҳу шом онро ба болои пучак рехта, компресс намоед, чирку зардобашро бароварда, захмро шифо мебахшад.

Табобати пучак бо баргми гули алоэ

Боз як давои хуб барои аз пучак халос шудан ин гули алоэ мебошад. Шумо метавонед ҳамчунин барги алоеро аз байнаш бурида ду нима кунед ва тарафи буридашудаашро ба рӯйи пучак гузошта бо дока бандед. Шарбати алое ба зудӣ чирку зардоби захмро бароварда, онро шифо мебахшад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД