Sebiston new 2024 october
Ганҷалзода рафт, Қурбонзода нақлиётро танзим мекунад?
850


Дирӯз, 29 сентябр Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон қарорҳои ҳукуматро дар бораи тағйироти кадрӣ дар як қатор сохторҳо имзо кард.

Тибқи ин қарор Шералӣ Ганҷалзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон озод карда шуда, ба ҷойи ӯ Далер Қурбонзода таъйин карда шуд.

Ҳамчунин Дилшод Исматуллозода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» озод карда шуда ба ҷойи ӯ Парвиз Шодмонзода таъйин карда шуд.
Шавкат Бобозода низ аз вазифаи директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд.
Сабаби аз вазифа озод шудани Шавкат Бобозода гуфта нашудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД