Sebiston new 2024 october
ГАДОИ КӮЧА ШУДЕМ, ПАДАР!
3353

 

Падарам дар ҷое кор накарда, аз ягон ҷиҳат ба оила аҳамият намедод. Ҳамеша модарам рӯзгорамонро таъмин менамояд ва ҳатто ӯ либосҳои падарамро мехарид. Падарам бошад, тамоми рӯз паҳлӯ зада, ба тамошои телевизор машғул мегардид. Бо вуҷуди ин, аз модарам боре миннатдор набуду барқасд ғур-ғур карда, ба асаби ӯ мерасид.

Бар замми ҳамаи ин, бо зане шинос шуда, аз баҳри модарам гузашт. Ҳоло падарам дар хонаи он зани сарватманд зиндагӣ мекунад. Модарам ғам хӯрда, аз бе падар шуданамон афсӯс мехӯрад. Ӯ айни ҳол гирифтори бемории диққи нафас шуда, дар ҷойгаҳи беморӣ хобидааст. Мудом фикру зикраш дар он аст, ки духтаронам калон шаванд, бе дуои падар ман онҳоро чӣ хел ба хонаи бахт гусел мекунам.

Модарам ҳамеша аз дурии шавҳари золимаш ғусса мехӯрад. Борҳо ба падарам занг зада гуфтам, ки ба хона баргардад ва модарамро аз ин зиёд касаливу дардманд нагардонад, аммо падари бепарвофалакам “дилам аз очаҷонат мондааст, поям ба он хона намекашад, чӣ хел ба наздатон баргардам”-гӯён, зуд телефонро хомӯш мекунад. Бо хоҳару додаронам мехоҳем, ки падару модарамонро оштӣ кунонида, боз зиндагии хушро насибашон гардонем, вале падарам ба хона баргаштан намехоҳад. Ба нони хӯрдан зорем, боз модарам дардманд асту дар ҷое кор намекунад. Ду додарам аробакашӣ мекунанд, ки бо як азоб се-чор нон меёбанду халос. Азоби бепадарӣ моро гадои кӯча кардааст. Чӣ кор кунем?                                                                                                                           Сумая Алиева

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД