Arzon march 2024
ГАДОДУХТАР АРӮСИ МИЛЛИОНЕР ШУДУ...(ҚИСМИ 3)
3753

ДАВОМАШ...

Шарти падар

Маъруф қаҳр карда баромада рафту бо ҳамин қариб як моҳ ба хона наомад. Шабҳоро дар хонаи ёру ҷӯраҳояш рӯз кардани писарашонро шунида падару модараш сари нангу номус омаданд ва маҷбур шуданд, ки ба келин кардани Сарвиноз розӣ шаванд.

-Бачаи аҳмақат ҳамон гадодухтари аз кӯчаи одамгарӣ нагузаштаро ба занӣ гирифта, умрашро хазон кардан хоҳад, ихтиёраш. Ман падарвор як бор ба ӯ фаҳмондам, ки интихобаш нодуруст аст, ба хубӣ, ки гапро нафаҳмид, садқаи сарам! Хонадор кардани писар дар гардани ман ҳамчун падар қарз аст, ман қарзамро иҷро карда тӯяшро мегузаронам, вале баъд ин шуду он шуд гуфта ба назди ман наояд,-таъкид намуд падари Маъруф ва ба занаш фармуд, ки писарашро ёфта ин гапро ба ӯ расонад.

Қаср барои гадодухтар

Дар ин миён Маъруф хонаеро, ки падараш чанд сол пештар барои ӯ харида буд, аз нав таъмир намуд ва ҷиҳози нави гаронбаҳои хориҷӣ харида оварду мутахассисонро даъват намуд, то хонаро ҷиҳозонанд. Пардаҳои ҳарир, қандилҳои калон-калони зебо, мизу курсиҳои шоҳона, мебелҳои аз чӯби холис сохташуда, рахти хоби барфсон сап-сафед, кинотеатри хонагӣ, техникаи навтарини рӯзгор, хуллас, хона ба қасри хурдакаки зебое табдил ёфта буд, ки одами аз дараш даромада ба ҳайрат афтида аз куҷо сар кардани тамошояшро намедонист. Модараш Маъруфро саргарми ҷо ба ҷо намудани зарфҳои булӯрин дар ҷевони нави итолиёвӣ дида худ ба худ зери лаб пичиррос зад: “Писари ман барои гадодухтари аз кӯча ёфтааш қаср сохтааст, қаср!”

Маъруф модарашро бо қошу қавоқи овезон пешвоз гирифта пурсид:

-Гуфтам-ку, ман дигар обрӯи шуморо паст намекунам, аз ин пас роҳи ман ҷудову роҳи шумо ҷудост, боз чаро омадед?

-Ту барои як гадодухтар шуда аз баҳри падару модарат гузашта бошӣ ҳам, мо бачаи мепартофтагӣ надорем. Фарзандро хонадор кардан қарзи падару модар аст, мо ҳамин қарзамонро иҷро карда ҳамон нозанини нестандарҷаҳони ёфтаатро ба ту гирифта медиҳем, баъд худат медонию ҳамон шоҳдухтарат,-Ба зарда гуфт модараш, ки аз истиқболи сарди Маъруф сахт ба ғазаб омада буд.

-Ба келин кардани Сарвиноз розӣ шудани падару модарашро шунида чеҳраи Маъруф якбора мисли гул шукуфт. Барои вай фарқ надошт, ки волидонаш аз ночорӣ ба ин издивоҷ розӣ шудаанд ё бо майли дили худ, аз ҳама муҳимаш он буд, ки онҳо боз ба хонаи падари Сарвиноз хостгорӣ мераванд ва арӯси таги чашм кардаи ӯро бо обрӯ ва бо тӯю тамошо келин карда меоранд. Вай аз рухсораи модараш бӯсида кӯдаквор шодӣ мекард ва мисли харгӯшак дар ҷояш питир-питир парида “Раҳмат очаҷон, раҳмат! Ман медонистам, ки шумо маро танҳо намемонед ва албатта ба хостгории Сарвиноз меравед” мегуфт.

Талаби қудои гадо

Модари Маъруф боз кулчаю тӯшаи бисёре бардошта бо дили нохоҳам ба хонаи падари Сарвиноз рафт. Волидони Сарвиноз бори дигар аз хоки паст буданашонро нишон дода “панҷ ҳазор доллар биёред, то ки мо барои духтарамон гарнитур харем” гуфтанд. Ин талаби гадовори қудо ғазаби падару модари Маъруфро оварда бошад ҳам, хотири писарашон чизе нагуфта пулро бурда доданд, вале таъкид карданд:

-Пулро барои худатон сарф кунед, ягон хел гарнитур-парнитуратон лозим нест. Писари мо аллакай ҳама чизи барои зиндагӣ заруриро худаш харида мондааст. Дар хона барои ягон чизи зиёдатӣ ҷой нест. Ба Маъруфи мо танҳо духтаратон лозим асту халос!

Падару модари Сарвиноз аз он ки қудоҳо “ягон чиз лозим нест” гуфта кори онҳоро осон намуданд ва акнун пул ба худашон мемонад, чунон хурсанд шуданд, ки ногуфтанӣ. Онҳо танҳо даҳ кило биринҷро ош карда ба мардум доданду бо ҳамин қарзи худро адошуда шумурда духтарашонро таги як либоси сафед ба хонаи бахташ гусел карданд.

Тӯйи осмонкаф

Рӯзи тӯй домод бо мошини дарози сафед, ки мисли лухтак оро дода шуда буд, барои бурдани арӯсаш ба деҳаи пур аз чангу хок омаду тамоми мардуми маҳалла ба тамошо баромаданд. Кӯдакон доду войкунон аз сари шиғ ва деворҳои куҳнаю фарсуда омадани домодро тамошо мекарданд. Ҷӯраҳои домод, ки ҳамаашон бачаҳои шаҳрии олуфта буданд, баробари аз мошин фаромадан ба чангу хок ғӯтида писханд заданд:

-Худоё, магар тамоми очаҳои духтарзой дар шаҳр мурдаанд, ки Маъруфи мо аз ҳамин қадар роҳи дур омада аз чунин қишлоқи вайрона зан мегирад? Наход дар дунё одам намонда бошад, ки аз чунин ҷойи валангор ким-кадом як гадодухтарро гирифта ба шаҳр барӣ...

ИДОМААШРО ФРДО ШАБ СОАТИ 21-00 ИНТИЗОР БОШЕД)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД