Formula novemver 2024
ГАДОДУХТАР АРӮСИ МИЛЛИОНЕР ШУДУ...(ҚИСМИ 2)
5703

ДАВОМАШ...

Мард маънии ишорати ҳамсарашро пай бурда, суханро аз дур оғоз намуду билохира сари мақсад омада гуфт:

-Писарамон духтари шуморо дар кадом маърака дида, ошиқ шудааст, барои ҳамин моро хостгорӣ фиристод, вале мебинам, ки шумо ҳоло шароити тӯй кардан надоред, барои ҳамин...

-Шароити мо ба тӯйи духтарамон чӣ дахл дорад?! Бобою бобокалонҳоямон дар чунин хонаҳои лойӣ зан гирифтанд, шӯ карданд, бачаю кача карданд,-Ба миёни гапи падари Маъруф лагад зада ба ҷойи шавҳараш ҷавоб дод модари Сарвиноз.

Рафтори ин зан хостгоронро бештар асабонӣ намуд, зеро аз рӯйи таомул дар ҷое, ки марди хонадон ҳаст, зан набояд пешхезӣ кунад..

Маҷнуни сонӣ

Падару модараш аз хостгорӣ бо табъи гирифтаю қошу қавоқи овезон баргаштанд. Маълум буд, ки аз рафтанашон пушаймонанд.

-Хайр, падару модари Сарвиноз чӣ гуфтанд? Розӣ шуданд?-Беқаророна пурсид Маъруф, ки дар ишқи духтари қишлоқӣ волаю шайдо гашта, Маҷнуни сонӣ шуда буд.

-Писарам, мо туро бачаи хондагӣ гуфта, гумон доштем, ки ба баду неки ҷаҳон сарфаҳм меравӣ, о бо кадом ақлат ту моро ба хонаи як гадо хостгорӣ фиристодӣ?! Як бор фикр накардӣ, ки чӣ тавр мо духтари чунин як оилаи камбағалро, ки ҳатто нони хӯрдан надоранд, келин карда меорем. Магар ёру ошно ва хешу табор ба ҳоламон намеханданд? Магар намегӯянд, ки зӯрашон ба зан додани як писар нарасида аз як деҳаи дурдаст кадом гадодухтари дар кӯча мондаро гирифта овардаанд? Мо дар ду дунё бо вай гадои ёфтаи ту қудо намешавем, беҳтараш ин хаёли хомро аз сарат берун кун,-шаф-шаф накарда якбора шафтолуи гапро гуфта монд падараш.

-Бачаҷон, гирду атрофамон пур аз духтарҳои нозанини ба ту муносиб. Яктоашон Нозанини духтари Каримбойи бизнесмен! Номаш аз худаш зебою худаш аз номаш, духтари барф барин сап-сафед, қаду қоматаш ҳам ба ту мувофиқ, ақлу тамизашро намегӯӣ, духтар не, фаришта аст бахудо, фариштаи ҳақиқӣ! Ҳамонро гирифта дињем, мешавад?-арӯси кайҳо таги чашм кардаи худашро пешниҳод кард модараш.

-Ман аз давлату сарвати Каримбой ҳам безораму аз духтараш ҳам,-бо ғазаб дод зад Маъруф.

-Хайр майлаш, Нозанинро нагирӣ, Сумаяи духтари профессорро бигир. Падараш яке аз машҳуртарин табибони кишварамон, дар наздаш имрӯзҳо сад кас сар хам мекунанду чорқад шуда салом медиҳанд. Духтарак худаш ҳам ояндадор аст, дар Донишгоҳи тиббӣ мехонад. Худо хоҳад, чанд сол пас падараш барин духтури номдор шуда мемонад,- варианти худро пешкаш кард падараш.

-Барои ман чӣ фарқ дорад, ки падари занам профессор аст ё гадо, барои ман худи духтар муҳим аст, мефаҳмед, худи духтар! Ман бо падару модари вай зиндагӣ намекунам-ку! –Барошуфт Маъруф.

-Яъне, духтари профессорро ҳам намегирӣ? Ин хел бошад, ягон сағераи бесоҳибро аз сағерахона келин мекунем. Ба писари мо танҳо гадою бесоҳибҳо маъқуланд-ку!-Неш зад падараш рӯ ба модари Маъруф оварда.

-Бачаҷон, як бори дигар дурусттар фикр кун, охир зан мошин нест, ки маъқул нашавад, бурда дар бозор фурӯшию дигарашро харида биёрӣ. Зиндагӣ савдои умр аст, занро, ки гирифтӣ, мурда-мурда бояд то охир бо ӯ ба як болин сар монда, умратро гузаронӣ. Беҳуда дар урфият кабӯтар бо кабӯтар, боз бо боз нагуфтаанд, ҳар кас бояд ҷуфти ба худаш муносибро интихоб кунад, то фардо пушаймон нашавад,-насиҳат кард модар.

-Ҷуфти муносиб гуфта шумо чиро дар назар доред? Боигарии падари арӯсшавандаро? Ман мардам ва ниёз ба пулу моли хусур надорам! Дастонам нашикастаанд, иншооллоҳ нонамро бо меҳнати худам ёфта хӯрда метавонам. Духтари камбағалро келин кардан нахоҳед, ихтиёратон! Аз ин пас касе ба зиндагии шахсии ман кордор нашавад! Худам ба хонаи падари Сарвиноз хостгорӣ рафта, дӯстдоштаамро бо тӯю тамошо ба занӣ мегирам,-Маъруф инро гуфта дарро шатта зада, баромада рафт...

(Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД