Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) тақвими бозиҳои Ҷоми ҷаҳон-2024 оид ба футзалро, ки аз 14-уми сентябр то 6-уми октябр дар Ӯзбекистон баргузор мешаванд, эълон кард.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки аз рӯйи натиҷаи қуръакашӣ ба гурӯҳи «Е» шомил шуд, рӯзи 16-уми сентябр дар Тошканд нахустин бозии худро дар Ҷоми ҷаҳон-2024 бо тими миллии Марокаш - қаҳрамони Африқо доир мекунад.
Дар даври дуюм футзалбозони Тоҷикистон бо қаҳрамони феълии Аврупо ва ҷаҳон Португалия рақобат мекунанд. Ин дидор рӯзи 19-уми сентябр дар Тошканд баргузор мешавад.
Дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2024 мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 22-юми сентябр бо тими миллии Панама вомехӯрад. Бозӣ дар Маҷмааи варзишии универсалии Бухоро баргузор мешавад.
Қобили зикр аст, ки дастаҳое, ки дар марҳилаи гурӯҳӣ ҷойҳои аввал ва дуюмро ишғол мекунанд ва инчунин чаҳор тими беҳтарини зинаҳои сеюм ба даври 1/8 ниҳоӣ роҳ меёбанд.