Футзалбозони тоҷик пас аз мусобиқоти “Ҷоми Осиё-2024” бо сари баланд ба Ватан баргашт.
Аъзои дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футлазро дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Федератсияи футбол, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпӣ, муррабиён, рӯзноманигорон, мухлисон ва наздикони бозигарон самимона истиқбол гирифтанд.
Қобили зикр аст, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар мусобиқоти “Ҷоми Осиё-2024” ба чоргонаи дастаҳои беҳтарини қитъа ворид шуда, ба чемпионати “Ҷоми ҷаҳон-2024” роҳхат гирифт, ки аз 14-уми сентябр то 6-уми октябр дар Ӯзбекистон баргузор мегардад.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.