Дарвозабон ва бозингари тими миллии Тоҷикистон ба хонадони мухлиси хурдакаке, ки баъд аз бохти дастаи футбол дар бозиҳои "Ҷоми Осиё 2023" гиря карда буд, рафтанд.
Дар ин бора саҳифаи расмии шаҳрдории Душанбе, Рустами Эмомалӣ хабар дод.
Дар хабар омадааст, ки бо дастуру супориши Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон мӯҳтарам Рустам Эмомалӣ футболбозони тими мунтахаби Тоҷикистон ва ҳамзамон аъзоёни бошгоҳи «Истиқлол» Рустам Ятимов ва Алишер Ҷалилов ба дидорбинии мухлиси наврас Камолов Муҳаммадамин омаданд, ки аз бохти дастаи Тоҷикистон андуҳгин шуда буд.
Футболбозони даста зимни дидорбинӣ ба Муҳаммадамини шашсола сару либоси варзишӣ, пироҳани тими мунтахаб бо шумораи 10, туб ва туҳфаҳои дигар ҳадя намуда, бо ӯ суҳбати гарму самимӣ анҷом доданд.
Муҳаммадамин Камолови шашсола сокини шаҳри Ҳисор буда, дар оянда мехоҳад футболбози касбӣ шавад.