Овозхони ансамбли “Фалак”-и назди Кумитаи телевизион ва радио Фотима Машрабова таронаи “Ҳалқа бар дар”-и овозхони зиндаёд Аҳмад Зоҳирро бозхонӣ карда, клипи зебои онро бо сабки омехтаи афғониву тоҷикӣ (помирӣ) пешниҳоди ҳаводорони ҳунараш кардааст.
Клиптарона аз тарафи студияи “Panjsher media” наворбардорӣ ва танзиму банду баст шуда, онро дар шабакаи YouTube наздики 100 ҳазор нафар тамошо кардаву писандидаанд. Таронаи “Ҳалқа бар дар” солҳои 70-уми асри гузашта дар иҷрои Аҳмад Зоҳир маъруфияти фавқулоддаро ба даст оварда буд ва то имрӯз онро даҳҳо овозхони тоҷику афғон бозхонӣ кардаанд. Таронаи мазкур давоми солҳои 70-80-ум қариб дар ҳама тӯю маъракаҳои мардуми тоҷик садо медод. Корбарони Интернет ба интихоби макон ва сару либоси миллии Фотима баҳои баланд дода, навиштаанд, ки овозхон бо ин амалаш рӯҳи Аҳмад Зоҳирро шод кардааст. Вале як корбари афғон навиштааст, ки Фотима Машрабова суруди Аҳмад Зоҳирро иҷро карда, дар ҷое ҳам исми ӯро ишора накардааст.
Ба ҳар ҳол, таронаи “Ҳалқа бар дар” дар иҷрои хонум Машрабова тавонист, то андозае муваффақ шавад. Фотима Машрабоваро замоне бештару хубтар шинохтанд, ки соли 2016 ҳамроҳи Нигина Амонқулова, овозхони шинохтаи кишвар бадеҳаи “Гул бо рӯяте”-ро сароид. Худи овозхон ин суханҳоро тасдиқ карда, мегӯяд, баъди он суруд мардум ӯро зиёдтар шинохтанд.