Фотима Машрабова, овозхони 28-солаи тоҷик чеҳраи ширкати нави алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон интихоб шудааст. Ширкати нави мобилӣ “O Mobile” ном гирифта, рӯзҳои наздик бо шиорҳои “O Mobile-барои муошират бо хешовандон” ва “O Mobile-оператори мобилии алоқаи мардумӣ ва дастрас” вориди бозори алоқаи мобилии Тоҷикистон хоҳад шуд.
Дар навори таблиғотие, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст, дида мешавад, ки Фотима Машрабова ҳамроҳи хонаводааш нақш офарида, ширкати навро ба мардум тавсия медиҳад. Ширкати “O Mobile” сомонаи расмиашро аллакай ба кор дароварда, нақшаи тарофаҳояшро низ эълон кардааст. Ба иттилои сомонаи ширкат, дар шаҳру навоҳии кишвар рӯзҳои наздик марказҳои хизматрасонии “O Mobile” ифтитоҳ хоҳанд шуд.
“”Феълан дар Тоҷикистон 4 оператори алоқаи мобилӣ “Вавилон-Мобайл”, “МегаФон”, “Зет-Мобайл” ва “Тселл” фаъолият доранд.