Arzon march 2024
ФОТИҲАРО НАГАРДОН, ШАРМАНДА МЕШАВАМ!
3899

 Ману Фаррух як сол боз дар фотиҳа қарор дорем. Ният доштем, ки баъди рамазон тӯй карда, ба муроди дил мерасем, аммо...

Дар кишвар карантин шуд, вабои хонасӯхта ҳама ҷоро фаро гирифт, ману ошиқам ноумед шудем. Ростӣ гап, аз рӯи бадрашкиям ману ошиқам тез-тез муноқиша мекунем. Зимни охирин суҳбатамон ба Фаррух гуфтам, ки рӯзи тӯй “фатта” мепушам, аммо ӯ зид баромад. “Дар ҳаёт як маротиба арӯс мешавам, ту бошӣ, орзуямро амалӣ намесозӣ” гуфта, бо Фаррух ҷанҷол кардам, вале намедонистам, ки номзадам аз ин якравиям сахт ранҷида, дигар бо ман гап намезанад. Аз минбари “Оила” ба дӯстдоштаам гуфтан мехоҳам: “Фаррух, ҳар гапе дар сари қаҳр гуфтам, нози арӯсона буд, илтимос, маро тарк накун. Тамоми дунё аз коронавирус мотам дораду ману ту аз рӯи ҳар гапи ночиз дилсиёҳӣ мекунем. Азизам, ман аз гапи гуфтаам пушаймонам. Медонам, ту аз суханҳои ман сахт ранҷидӣ. Маро бубахш, ҷонам!”
Хеле мехоҳам, ки тӯйи хоксоронае барпо намуда, арӯси хонадонатон шавам, аммо айни замон баргузор кардани тӯю маъракаҳоро дар кишвар манъ кардаанд. Медонам, аз вазъияти рухдода руҳафтода шудаӣ, вале ба ҷуз тоқат кардан чораи дигар надорем.

Як рафторат сахт ҷигархунам намудааст, Фаррух! Садҳо бор аз ту бахшиш мепурсам, вале ту ба паёмакҳои телефониям ҷавоб намедиҳӣ. Чаро як моҳ боз суроғам намекунӣ, магар будану набудани ман бароят дигар муҳим нест? Наход дилат аз ман монда бошад ё касе туро аз роҳ задааст? Боварам намеояд, ки номи маро аз дафтари дилат хат зада бошӣ, зеро вохӯриҳои ширинамонро аз ёд бурдан корест басо мушкил. Магар дилбари дигаре дилатро рабуд, ки дигар ёди ман намекунӣ? Ман туро дӯст медорам ва дар ду дунё ба ягон кас намедиҳам, Фаррух, инро фаромӯш накун! Сатрҳои бо хуни дил навиштаамро бихону ба ман занг зан, вагарна аз ғами ишқат бемор мешавам. Ваъда медиҳам, ки дигар бо ту моҷаро намекунам. Худо накарда, фотиҳаро гардонӣ, шармандаи авлод мешавам. Гапҳоямро таҳдиди хушку холии як духтари ошиқ напиндор, ман аз ҷинси зан бошам ҳам, дар қавлу қасам мард ҳастам.

Гапамро дар роҳ намепартоям, ҳар чӣ гуфтам, албатта иҷро мекунам! Беҳтараш хафагиву ранҷишро аз дил бароварда, барои оиладор шуданамон омодагӣ бин, азизам!

Фарзона, ш. Ҳисор

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД