Чанд лаҳза қабл дар Кохи Наврӯз Форуми байналмилалии “Зан ва об” дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028” оғоз гардид.
Форуми мазкур бо ҳамоҳангсозии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти СММ “Занон дар Тоҷикистон” дар ҳамкорӣ бо Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ, Агентии ИМА оид ба ҳамкории байналмилалӣ (USAID), Бонки Осиёии Рушд, Институти тафсири ҷанг ва сулҳ (IWPR), Агентии оид ба ҳамкории техникӣ ва рушд (АСТЕД) ва коршиносони миллӣ ва байналмилалӣ ҷараён дорад.
Форуми байналмилалии “Зан ва об” бо иштироки намояндагони баландпояи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муколамаи занони Осиёи Марказӣ, коршиносон дар соҳаи захираҳои об ва масъалаҳои баробарии гендерӣ, дар умум, намояндагони 27 давлати дунё баргузор гардида истодааст.
Дар кори Форум доираи васеи намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ, коршиносони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сиёсатмадорон, олимон, роҳбарон ва намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, фаъолон ва ҳимоятгарони ҳуқуқи занон, шарикони рушд, сармоягузорон ва дигар ҷонибҳои манфиатдор, ки фаъолияти онҳо ба ҷанбаҳо ва равандҳои гендерӣ равона гардидааст, рӯзноманигорони касбӣ ва намояндагони ВАО ширкат доранд.
Форуми байналмилалии “Зан ва об” барои дастгирии дар амал татбиқ намудани мақсад ва вазифаҳои шашуми Ҳадафҳои рушди устувор ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” равона гардидааст.
Ба зикри Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақсад аз баргузории Форуми мазкур таъсис додани платформаи байналмилалӣ барои баррасии нақши муҳими занон дар идоракунии захираҳои обӣ ва таъмини баробарии гендерӣ дар соҳаи муносибатҳои баҳрӣ аст.
“Форум пешрафт ва натиҷаҳои бадастомадаи занонро дар соҳаи идоракунӣ ва дастрасӣ ба захираҳои об таъмини баробарии гендериро мавриди баррасӣ қарор дода, мушкилот ва имкониятҳои дар ин самт ҷойдоштаро ҳаллу фасл менамояд. Илова бар ин, форум таҳия ва татбиқи механизмҳои инноватсионӣ, байнисоҳавӣ ва шарикии ҷомеаро дар самти қабули равиши ҳамгирошудаи системавӣ, ки ҳам дурнамои гендерӣ ва ҳам муҳити тағйирёбандаи идоракунии захираҳои обро бо иштироки занон ба назар гирифт, мавриди баррасӣ қарор медиҳад”,- гуфт Бунафша Файзиддинзода.
Бояд гуфт, ки баргузории Форуми “Зан ва об” ба фароҳам овардани майдони фаррох барои мубодилаи афкор, иттилоот ва табодули таҷриба барои ҷонибҳои манфиатдори кишварҳои Осиёӣ Марказӣ бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои минбаъда ҷиҳати таҳия ва амалӣ намудани тавсияҳо заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.