Маросими расмии имзои созишномаи сарпарастӣ байни Аввалин ширкати букмекерии FORMULA55 ва шабакаи телевизионии «Варзиш» сурат гирифт.
Дар қарордоди сарпарастӣ директори генералии ширкати FORMULA55 Баҳром Подчаев ва директори телевизиони «Варзиш» Парвиз Нориён имзо гузоштанд.
Дар доираи ин шартнома FORMULA55 сарпарасти пахши мустақими Ҷоми Осиё оид ба футзал ва Ҷоми Осиё U-23 Қатар-2024 гардид.
Директори генералии FORMULA55 қайд кард, ки «мо аз сарпарасти пахши бозиҳои Ҷоми футзали Осиё ва Ҷоми Осиё U23 Қатар 2024 шудан хушҳолем. Ин як мусобиқаи муҳимест, ки ба мо имкон медиҳад, то барои рушди футзал дар Тоҷикистон саҳмгузор бошем ва ин чорабинӣ барои тамоми мухлисони футзали кишвари мо иди ҳақиқӣ хоҳад буд».