Варзишгари соҳибноми Тоҷикистон Мижгона Самадова ва аввалин ширкати миллии букмекерии FORMULA55 давоми ду соли охир аст, ки ҳамкорӣ мекунанд.
Мижгона барои бисёриҳо намунаи олии ибрат буда, тарғибгари тарзи ҳаёти солим дар байни ҷомеа мебошад. Вай аз идомаи ҳамкорӣ изҳори хушнудӣ карда, қайд намуд, ки талошҳои муштарак бо FORMULA55 ба рушди варзиш миёни ҷавонон дар кишвар мусоидат хоҳад кард.
Мижгона аз зумраи варзишгарони муваффақи кишвар, иштирокчии Бозиҳои олимпӣ ва барандаи медали биринҷии Бозиҳои осиёӣ мебошад.
Мижгона барои дастовардҳoи арзандааш ду сол паиҳам ба 10-гонаи беҳтарин варзишгари сол аз рӯи фарзияи FORMULA55 шомил гардид ва дар лоиҳаи «Тоҷикистон ба Пеш!» низ иштирок намуд.
Тибқи қарордоди ба имзо расида, Мижгона Самадова ҳамчун сафир ё худ амбассадори FORMULA55 фаъолият намуда, дар чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла варзишии ширкат иштирок хоҳад кард.