Фонди рушди Саудӣ барои сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” 100 млн доллар қарзи имтиёзнок медиҳад.
Созишномаи қарзиро Файзиддин Қаҳҳорзода ва раиси Фонди Саудии Рушд, Султон Абдураҳмон Ал-Маршад дар Вазорати молияи Тоҷикистон имзо намуданд.
Роҳбари Фонд Султон Абдураҳмон Ал-Маршад дар мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдории худро аз бунёди ҳар чи зудтари нерӯгоҳи “Роғун” баён кардааст.
Абдураҳмон Ал-Маршад, ки дар доираи як сафар дар шаҳри Душанбе қарор дорад, 4 декабр гуфт, Фонди рушди Саудӣ сармоягузорӣ дар бунёди неругоҳи “Роғун”-ро идома медиҳад.
Номбурда зикр кард, ки Неругоҳи барқи обии “Роғун” яке аз лоиҳаҳои муҳимтарини минтақавӣ буда, он барои рушди на танҳо Тоҷикистон, балки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳои ҳамсоя низ саҳми арзанда ҳоҳад гузошт.
Ин лоиҳа дар баробари он ки ба рушди иқтисоди “сабз” мусоидат менамояд, ҳамчунин ба пешгирии пайомадҳои тағйирёбии иқлим низ мусоидат хоҳад кард. Ба таъкиди мавсуф, бо назардошти муҳимияти лоиҳа ба Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа бо шарикони рушд маблағгузорӣ барои иҷрои ин тарҳро идома хоҳанд дод.
Ёдрас мешавем, ки пештар сафири Подшоҳӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон Ар-Решайдон гуфта буд, ки Хазинаи рушди Арабистони Саудӣ аз замони ҳузураш дар Тоҷикистон нисфи сармоягузорияшро ба сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” равона кардааст.