Sebiston new 2024 october
Фолномаи солинавӣ барои духтароне, ки бахташонро ёфтан мехоҳанд
1125



Соли Нав бо омаданаш ба дили хурду калон шодиву нишот меорад. Одатан дар ин шаби сеҳрнок хурду калон орзуҳои наҷибтаринашонро гуфта ба амалӣ шудани ниятҳояшон умед мебанданд.

Мехоҳед донед, ки дар соли нави 2023 кадом орзуҳои шумо амалӣ мегарданд? Барои ин ба назди соҳирону ҷодугарон, фолбинҳои машҳур рафтан шарт нест. Тақдири ояндаатонро донистан хоҳед, метавонед бо истифода аз баъзе усулҳо худатон худро фол бинед.

Фолбиниро аз чӣ сар мекунанд?

Нияти шавҳаркунӣ, хонахарӣ ё ба кори дигар гузаштан дошта бошед, назди дарахти маҳлаб (черёмуха) рафта, як шохачаашро ба андозаи 7–10 см шикаста гиред ва ба хона оварда ба истакони обдор гузоред. Дар давоми 12 рӯз ҳар субҳ истакони шохчадорро 5 дақиқа бо ду дастатон дошта истода, чашмонатонро нимпӯш кунед ва тасаввур намоед, ки мушкили шумо аллакай ҳал шудааст. Дониста бошед, агар шохча гулҳои хурд барорад, орзуи шумо амалӣ мегардад, агар гул накунад, умедатонро канед.

Рассо соати 12 фол кушоед, орзуҳоятон амалӣ мегарданд

Ин фоли машҳуртарини солинавӣ буда, танҳо шаби 31 декабр дида мешавад. Тарзи якуми фолбинӣ чунин аст:
Орзуи худро дар варақчае навишта, онро сӯзонеду хокистарашро ба даруни пиёлаи шарбат андозед. Ҳамин ки соат расо 12 шуд, шарбатро фурӯ баред. Орзуятон амалӣ мешавад.

Тарзи дуюм:

Як соат қабл аз задани занги 12 орзуҳоятонро дар пораи коғаз нависед. Ҳамин ки ақрабаки соат панҷ дақиқа кам дувоздаҳро нишон дод, коғазро сӯзонед, агар то садо додани зангӯлаи 12 коғазчаатон батамом сӯхта хокистар шавад, орзуятон амалӣ мегардад.

Фолбинӣ бо об

Ду истаконро гирифта, якеашро пури об намоед ва дар дил орзуи худро гуфта, зуд оби истаконро ба дигараш холӣ кунед. Ин амалро танҳо як маротиба такрор кардан мумкин аст. Барои рехтани об машқ кардан манъ аст, чунки обро дубора ба истакон рехтанӣ шавед, фол хусусияташро гум мекунад ва ба мақсад намерасед. Пас аз рехтани об ба болои миз нигаред, агар дар рӯи он аз се қатра об зиёд наафтида бошад, орзуятон ҷомаи амал мепӯшад. Мабодо оби рехтаатон зиёдтар бошад, мутаассифона орзуятон муаллақ мемонад.

Фоли шишаи гӯё

Бегоҳ як истаконро то нимааш бо об пур карда ба он нигариста истода орзуятонро гӯеду сипас обро дар ягон ҷо пинҳон карда монед. Субҳгоҳон аз ҷойи пинҳонкардаатон истаконро бароварда бодиққат нигаред, об зиёд шуда бошад, орзуятон амалӣ мегардад, об камтар шуда бошад, донед, ки дар моҳҳои наздик ба муроди дилатон намерасед.

Фолбинӣ бо танга

Барои фоли навбатӣ, ки муъҷизанок аст, нағзакак бояд омодагӣ бигиред. Барои шумо пеш аз ҳама тангаи куҳна лозим мешавад. Аз бибиву бобоятон ягон танга мерос монда бошад, нуран ало нур мешавад. Аз дӯстдоштаатон хоҳиш намоед, ки тангаро дар дасташ 1-2 дақиқа нигоҳ дорад. Ба шумо ҳамчунин табақи сафеди фарфорӣ, тӯши сиёҳ ва сурати хурдакаки ошиқатон зарур аст. Акси маҳбубатонро надошта бошед, метавонед ягон ашёи шахсии ӯро аз қабили ручка, соат, оташафрӯзак истифода баред. Умуман ягон чизи дӯстдоштаатонро надошта бошед, ном ва санаи таваллудашро дар пораи хурдакаки коғаз навишта монед ва шаби Соли Нав пас аз соати 12 фолбиниро сар кунед. Зарфро дар болои миз ё фарши хона гузоред. Дар мобайни табақ сурат ё ягон чизи шахсии дӯстдошаатон, ҳеҷ набошад, пораи коғазеро, ки дар он номаи ошиқатонро навиштаед, гузоред. Аз тарафи рост бо туш «Ман» навишта, дар муқобилаш «вай» нависед ва дар боло «мо»-ю дар поён «ӯ». Тангаро дар дасти ростатон гирифта дар мобайни табақ тавре тоб диҳед, ки он давр занад. Танга дарҳол дар ҷояш истад, донед, ки маҳбубатон шуморо сахт дӯст медорад. Рафту танга дар рӯ ба рӯи ибораи « ӯ» истад, андеша намоед, зеро ин чунон маънӣ дорад, ки духтаре ба дӯстдоштаатон чашм ало кардааст ва муносибатҳоятон ба зудӣ канда мегарданд.

Фоли яхин

Боз як усули дигари фолкушоии солинавӣ ҳаст, ки бо ях гузаронид мешавад.
Шаби соли нав ба ҳар нафари хоҳишманд яктогӣ қошуқ диҳед. Бигзор дар қошуқҳояшон об гирифта ба берун бароварда монанд ё дар яхдон гузоранд. Ҳар кас бояд қошуқи худро дар хотир гирад, зеро субҳгоҳон аз рӯи яхи қошуқ ояндаро дида метавонанд. Оби қошуқ яхи чуқуракдор карда бошад, соҳибашро дар соли нав нобарориҳо нигарон аст. Яхи ҳамвор ё лӯндачадор бошад, соли нав бобарор меояд.

Фоли нақши оина

Ба рӯи оинаи начандон калон об пошида, нимашаб дар берун нигоҳ доред. Вақте ки дар он нақшҳои гуногун пайдо шуданд, оинаро ба хона дароред. Бодиққат ба оина нигариста, шумо тақдиратонро муайян карда метавонед. Дар оина давраҳо намудор бошанд, соли нав бароятон сериву пурӣ меорад, агар нақши оина шохи арчаро мемонда бошад, бештар меҳнат мекунед. Нақшҳои чоркунҷа аз мушкилоти рӯзгор, нақши секунҷа аз комёбиҳои беназир ва барори кор далолат медиҳанд.
Таҳияи Меҳрубон

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД